Маълумоти охирин
Главная / Илм / МОНОГРАФИЯ

МОНОГРАФИЯ

monografiyaМОНОГРАФИЯ (аз моно… ва графия), асари тадқиқотиест дар бораи як мавзӯи муайяни илмӣ, ҳаёт ва фаъолияти ин ё он олим ё нависанда. Дар Монография адабиёти доир ба масъалаи тадқиқшаванда таҳлилу ҷамъбаст шуда, ҳалли нави масъала, фаразияҳои таҳриккунандаи пешрафти илм гузориш меёбанд. Монография аксаран рӯйхати васеи адабиёт, тавзеҳоту мулҳақот ва ғ.-ро дарбар мегирад. Дар адабиётшиносии советии тоҷик асари А. Мирзоев «Биноӣ» (Сталинобод, 1957) яке аз беҳтарни Монографияҳо шинохта шудааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …