Маълумоти охирин
Главная / Биология / МОНОГЕНЕЯҲО

МОНОГЕНЕЯҲО

monogenizmМОНОГЕНЕЯҲО (Monogenoidea), як синфи паҳнкирмҳои паразитӣ. Моногенеяҳо ба зерсинфи Моногенеяҳои дараҷаи паст (Polyoncnoinea) ва дараҷаи олӣ (Oli-goncnoinea), ки аз рӯи сохти системаи ҷинсӣ, давраи инкишоф ва ғ. фарқ мекунанд, ҷудо мешаванд. Қариб 2000 намудашон дар тани модӣ, инчунин дар тани обхокиҳо ва хазандаҳо (мас., сангпушт) парзаитона зиндагӣ мекунанд; як намуди Моногенеяҳо (Oculotrema hippopotami) дар чашмони баҳмут паразитӣ мекунад. Дарозии онҳо аз 0,15 то 20 (баъзан то 50) мм аст. Бадани онҳо беранг, бо кутикула (парда ё пӯсти тунук) пӯшидааст. Дар қисми пеши бадан 2— 4 парра ва сӯрохии даҳон, дар қафои бадан узви чангакдор мавҷуданд. Моногенеяҳо ҳайвони хунсоянд. Онҳо тухм мегузоранд, баъзеашон тухмзиндазо мебошанд. Моногенеяҳо дар ғалсама ва қабати берунии бадан тағйироти патологӣ ба амал оварда ба хоҷагиҳои моҳипарварӣ (махсусан Dacty-logura vastator, D. lamellatus, D. ctenopharyngodonis, Gyrodactylus elo-gana, G- medius ва p.) зарари калон мерасонанд. Дар обанборҳои Тоҷикистон зиёда аз 70 намуди Моногенеяҳо (бештар аз оилаҳои Dactylogyridae ва Gi-rodactylidae) дучор меоянд. Дар ғулмодӣ касалиҳои дактилогироз ва гиродактилёзро ба вуҷуд меоранд. Барои муолиҷаи модии касал ваннаҳои 5% маҳлули намаки ош (Дар муддати 5 даҳ.) ё 0,2% маҳлули аммиакро (7 дақ.) истифода мебаранд. Бо мақсади пешгирии обанбору кӯлҳоро дезинвазия мекунанд.

Ад.: Быховский Б. Е., Моногене-тические сосальщики, их система и филогения. М.— Л., 1957; Джалилов У. Д., Новые виды моногений рыб бассейна реки Пяндж, «Паразитология»», т.

4, Л., 1970.     У.

Ҷ. Ҷалилов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …