Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МОНОГАМИЯ

МОНОГАМИЯ

monogomiyaМОНОГАМИЯ (аз моно… ва юн. gamos—никод), 1) якзанӣ (мардҳо), якшавҳари (занҳо), як шакли таърихии никоҳу оила аст. Дар давраи инқирози ҷамоаи ибтидоӣ пайдо шуда, минбаъд ба як шакли маъмули муносибати зану мард табдил ёфтааст; 2) як навъ муносибати байни ҳамдигарии чинсҳои ҳайвонот (паррандаҳо, ширхӯрҳо) аст. Моногамия дар баъае паррандаҳо (лаклак, уқоб, ку ва ғ.) ба муддати якчанд сол ва базеи дигарашон (мас., қоз) ба муддати як мавсим ба вуҷуд меояд. Ширхӯрҳо, мас., маймундҳо ба муддати якчанд сол, гург, рӯбоҳ, қундуз ва баъзе ширхӯрҳои дигар бошанд, аксар ба муддати як мавсим ҷуфти оилавӣ пайдо мекунанд. Моногамия дар баъзе ҳайвонҳои бемудра (мас., ҳашарот) низ мушоҳида мешавад. Акси Моногамия полигамия аст.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …