Маълумоти охирин
Главная / Илм / МОНО

МОНО

monoМОНО (Monod) Жак Люсьен (1910—1976), биохимик ва микробиологи франсавӣ, факултети табиатшиносии Университети Парижро (1934) хатм карда дар ҳамон ҷо ба кор монд. Аз соли 1945 мудири лабореторияи физиологияи микробҳо, аз 1953 роҳбари шӯъбаи биохимияи ҳуҷайра ва аз 1971 директори Институти ба номи Пестери Париж. Тадқиқотҳои асосии илмии Монилиоз ба инкишофи бактерияҳо, индукция ва репрессияи ферментҳои бактериявӣ бахшида шудаанд. Монилиоз муаллифи (бо якҷоягии Ф. Жакоб) гинотезаи бо ёрии КРН (кислотаи рибонуклеат)-и ахборӣ аз КДН (кислотаи деэоксирибонуклеат) ба рибосомаҳо гузаровидани ахборӣ генетикӣ ва гипотезаи механизми танзими генетикии синтези сафеда дар бактерияҳо мебошад. Аъзои як қатор АФ-ҳои хориҷӣ. Соли 1965 (бо якҷоягии Ф. Жакоб ва А. Львов) лауреати Мукофоти нобелӣ гардидааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …