Маълумоти охирин
Главная / Илм / МОННЕЗИОЗ

МОННЕЗИОЗ

moneziozМОННЕЗИОЗ, касалии киччаи ҳайвони жованда, ки онро тасмакирми ҷинси Moniezia ба вуҷуд меорад. Ба Моннезиоз барра, бузғола, гӯсола ва ғ. гирифтор мешавад. Дарозии паразит 6—10 м буда, асосан дар рӯдаи борики ҳайвонҳо паразитӣ мекунад. Дар аксари кишварҳои дунё вомехӯрад. Моннезиоз дар организми канаҳои хокӣ (орибатид) инкишоф меёбад. Ҳайвон ҳангоми бо алаф хӯрдани канаҳои касал бо он сироят меёбад. Ҳайвони касал лоғар гашта, аксар вақт мемирад. Моннезиозро бо маҳлули даҳани фаранг (купороси мис), суспензияи фенасал ва ғ. муолиҷа мекунанд. Чораҳои пешгирӣ: дегельминтонӣ, сари вақт шудгор кардани чарогоҳ ва ғ.

Ад.: прядко Э. И. (ва диг.), Гельминты копытных животных, Алма-Ата, 1974.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …