Маълумоти охирин

МОНИЗМ

МОНИЗМ (аз юн. monos — як, ягона), тарзи баррасии гуногуншаклии ҳодисаҳои олам дар асоси як мабдаъ, як замина («ҷавҳар»)-и кулли мавҷудот ва таҳияи назарияи онон дар шакли инкишофи мантиқан пай дар пай қазияи ибтидоӣ. Аз ин рӯ, дуализм (ду мабдаи мустақилро эътироф мекунад) ва плюрализм (сершумории мабдаҳоро эътироф мекунад) зидди Моннезиоз мебошанд. Моннезиоз дар ибтидо тасаввуроти соддалавҳонае дар бораи «нахусташьё» буд, ки гӯё ҳама чиз аз он пайдо шудааст (мас., «об дар таълимоти Фалес, «оташ дар Гераклит). Масъалаи асосии Моннезиози фалсафиро фаҳмиши робитаи мутақобилаи моддиёт ва рӯҳиёт ташкил медиҳад, ки он ҳалли материалистона ё идеалистонаи масъалаи асосии фалсафаро дар назар дорад. Моннезиози материалистӣ рӯҳиётро аз моддиёт ҳосила медонад ва аз ин ҷиҳат ҳам ба Моннезиози идеалистӣ зид аст. Навъи Моннезиози субъективию идеалистӣ ба ном «Моннезиози бетараф (махизм, эмпириомонизм ва ғ.) мебошад, ки ҳам рӯҳиёт ва ҳам моддиётро ҳосила аз як мабдаи бетараф (дар фалсафаи Мах «унсурҳо») мешуморад. Моннезиози идеалистӣ офариниши оламро ба таври рационалӣ шарҳ доданӣ шуд, ки масъалаи мазкур аслан ҳалношуданӣ буда, ба маълумотҳои табиатшиносию мантиқ низ зид аст. Дуализм мустақилияти ҷавҳари моддӣ ва рӯҳиро эътироф карда, мутобиқати процессҳои ҷисмонию рӯҳониро дар рафтори одам таъбир карда наметавонад. Бар хилофи Моннезиози идеалистӣ ва дуализм Моннезиози материалистӣ рӯҳиётро хосият ва фурқияти материя медонад. Материализми метафизики рӯҳиётро бевосита бо табиат пайвастанӣ шуда, пайдоиши рӯҳиётро аз моддиёт ва табдили рӯҳиётро ба моддиёт шарҳ дода натавонист. Вай инчунин принципи Моннезиози материалистиро суботкорона ба ҳаёти ҷамъият нагузаронд. Шакли олӣ ва ягона дурусти Моннезиоз материализми диалектикӣ мебошад, ки он принципи ягонаи олами моддиро бо принципи инкишоф пайваста, маҳсули материяи мутаҳаррик будани тамоми ҳодисоти гуногуни табиат, ҷамъият ва шуури инсонро исбот намуд. Ба фалсафа дохил шудани категорияи амалии барои таҳлили робитаи мутақобили моддиёт ва рӯҳиёт, таълимот дар бораи ҳастӣ ва шаклҳои маърифати он ва масъалаҳои муҳими методологии ягонагии тафаккур ва амалиёти революционӣ имконият дод.

Ад.: Энгельс Ф., Анти-Дюринг, Д., 1976; Ленин В. И., Дафтархои философе, Ас., ч. 38; Науменио Л. К., Монизм как принцип диалектической логики, Алма-Ата, 1968.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …