Маълумоти охирин

МОНИИ ШЕРОЗӢ

nophoto-manМОНИИ ШЕРОЗӢ Moнии Ошиқпеша (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири эронии асри 16. Дар айёми ҷавонӣ аз Форс ба Исфаҳон рафта ба заргарӣ, наққошӣ ва мусаввирӣ машғул шудааст. Баъдтар ба сипоҳигарӣ пардохта, то ба дараҷаи сарлашкарӣ расидааст. Дар охири умр аз ин шуғл ҳам даст кашида, ба хидмати Шоҳ Исмоили Сафавӣ дохил шуд. Ба дасти Мир Наҷми Заргар (Наҷми Сонӣ), ки яке аз айёрони Шоҳ Исмоил буд, кушта шудааст. Девони Монии Шерозӣ то замони мо нарасидааст. Намунаҳо аз эҷодиёти ӯ тавассути тазкираву маъхазҳои адабӣ боқӣ мондаанд. Монии Шерозӣ асосан шоири ғазалсаро буда, ғазалҳои хубу дилангези ишқӣ бо истифодаи санъатҳои гуногуни шеърӣ, ифодаву таъбироти соддаву зебо офаридааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …