Маълумоти охирин
Главная / Илм / МОНАЦИТ

МОНАЦИТ

monacitМОНАЦИТ (нем. Monazit, аз юн. тоқаю — танҳо зиндагӣ мекунам), минерал, фосфати элементҳои нодирзамин, мансуби гурӯҳи церий; таркиби химиявиаш (Се, La…) [РО]. Аксар омехтаҳои Th02 (то 10% ва баъзан зиёдтар), U02 (то 6,6%), ZrOj, СаО, инчунин Si02, S03 ва ғ. дорад. Системаи кристаллбандиаш моноклипӣ. Кристаллҳояш пластинка ва тахтачамонанд буда, дар шакли дона-дона ва массаҳои донадор низ вомехӯрад. Рангаш зард, зарди бӯр, четарӣ, сурх, баъзан сабз; ҷилояш шишагун. Сахтиаш 5—5,5; зичиаш (вобаста ба таркиб) аз 4900 то 5500 кг/м3. Дорои хосияти баланди радиоактивист. Монацит дар пегматитҳо, гнейсҳо, рагҳои карбонатии гидротермалӣ ва граниту сиенитҳои ишқорӣ аксар ҳамроҳи шпатҳои даштӣ, циркон, магнетит, ильменит ва дигар минералҳо ёфт мешавад. Монацитро асосан аз конҳои пошхӯрдаи дарьёй ва баҳрӣ мегиранд (мас., дар Ҳиндустон, Шри-Ланка, Бразилия). Аз Монацит церий ва торий ҷудо карда мегиранд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …