Маълумоти охирин

МОНАКО

monakoМОНАКО (Monaco), давлат дар Ҷан. Европа, дар соҳили баҳри Миёназамин. Бо Франция ҳамсарҳад аст. Масоҳаташ 1,9 км3. Аҳолиаш бештар аз 25 ҳазор нафар (1979), аз ҷумла қариб 5 ҳазор монегаскҳо (сокинони аслӣ), зиёда аз 15 ҳазор гражданҳои Франция, 4 ҳазор италиявиҳо зиндагӣ мекунанд. Забони расмӣ — франсавӣ. Дини расмӣ масеҳия. Монада аз се округ — шаҳри маъмурию амалан ба ҳам омехта: Монако (пойтахт), Монте-Карло, Ла-Кондамнн ва ду райони нави Фонвьей ва Ларвотто иборат аст.

Сохтн давлатӣ. Монадакнязӣ, мутлақияти конституционӣ. Сардори давлат — князь. Мувофиқи конституцияи соли 1962 ҳокимияти қонунгузор ба князь ва Совети миллӣ (органи парламент) тааллуқ дорад, ки аз 18 депутат иборат буда, дар асоси ҳуқуқи интихоботи умумӣ ба мӯҳлати 5 сол интихоб мешананд. Ҳокимияти иҷроияро Совети ҳукуматӣ, ки ба он вазири давлатӣ сардорӣ мекунад, ба амал мебарорад. Совети ҳукуматӣ бо сардории вазири давлатӣ аз 4 аъзо (князь ва 3 нафар номзад — гражданҳои франсавӣ, ки онҳоро Франция тавсия мекунад) иборат аст.

Ғайр аз он, Совети давлатӣ низ вуҷуд дорад, ки онро ҳам князь таъин мекунад. Тайёр намудани лоиҳаи қонуну указҳо ба ӯҳдаи Совети давлатист. Системаи судӣ чун системаи судии Франция аст: суди инстанцияи якум, судҳои апелляционӣ ва кассационӣ, Суди олӣ. Мувофиқи анъана дар полиция (тақрибан 300 нафар) асосан франсавиҳо хидмат мекунанд.

Ягона партияи сиёсии Монако — Иттифоқи миллии демократӣ. Фаъолияти партияҳои дигар манъ аст.

Дар мамлакат ташкилоти иттифоқҳои касаба — Иттиҳоди иттифоқҳои касабаи Монако амал мекунад. Монада дар як қатор давлатҳои Ғарби Европа намояндагии дипломатӣ ва дар бисёр мамлакатҳои дигар консулхонаҳо дорад.

Монада агарчӣ аъзои ТДМ набошад ҳам, вале ба ЮНЕСКО, Ташкилоти умумиҷаҳонии нигоҳдории тандурустӣ ва чандин муассисаҳои махсуси ТДМ ва дигар ташкилотҳои байналхалқӣ дохил аст. Намояндаи Монада дар маҷлиси бехатарӣ ва ҳамкории Европа дар Хельсинки иштирок карда, ба Акти хотимавии он имзо гузоштааст.

Дар терр. Монакои ҳозира дар асрҳои 10—5 то м. колонияҳои финикийҳо ва баъдтар юнониҳо мавҷуд буданд. Азбаски ин терр. аҳамияти зиёди стратегӣ дошт, онро дар асри 1 то м. римиҳо ва баъдтар арабҳо забт карданд. Дар асри 10 м. дар терр. Монада генуягиҳо маскан карда соли 1215 дар он ҷо қалъа сохтанд. Монада соли 1346 таҳти протекторати Генуя ҳамчун князии феодалӣ ташаккул ёфт. Ҳокимияти хонаводаи Гримальдии генуягиҳо соли 1419 дар Монада комилан мустаҳкам шуд. Подшоҳи Франция ва герцоги Савойя охири асри 15-ибтидои асри 16 ҳуқуқи сеньории Монадаро эътироф намуданд ва ба ин муносибат Монада князии мустақил шуд.

Монада мухториятн худро расман нигоҳ дошта бошад ҳам, аз соли 1524 дар асл зери ҳокимияти мутлақияти Испания буд. Қӯшунҳои Испания соли 1605 терр. князии Монадаро гап гол карданд. Монегаскҳои ба шӯр омада соли 1641 гарнизони испаниҳоро аз ин ҷо ронданд ва Монада зери протекторати Франция гузашт. Ҳокимияти князи Монада дар натиҷаи Револютсияи бузурги Франция сарнагун гардид ва Монада ба Франция (1793) ҳамроҳ карда шуд. Шартномаи соли 1814-и Франция ҳокимияти князьро барқарор кард. Мувофики қарори Конгресси Вена 1815 Монада зори протекторати подшоҳии Сардиния гузашт. Соли 1848 зери таъсрири Револютсияи феврали Франция дар Монада бар зидди мутлақият шӯрши cap зад ва онро қӯшунҳои Сардиния пахш карданд. Мутлақият соли 1849 барқарор шуд ва протекторати Сардиния хотима ёфт. Мувофиқи шартномаи соли 1861-и франсавиҳою монегаскҳо Франция истиқлолияти Монадаро эътироф намуд. Соли 1865 байни Монада ва Франция барои Монада шартномаи нанговаре ба имзо расид. Шартномаи соли 1918 муносибатҳои байни ду мамлакатро ба низом даровард, ки мувофиқи он мебоист «ҳукумати республикаи Франция муҳофизати истиқлолият ва соҳибихтиёрии князии Монадаро таъмин мекард».

Шартнома чунин нуқта дошт: князи Монада «ӯҳдадор мешавад, ки тамоми ҳуқуқҳои соҳибихтиёрии худро мувофиқи манфиатҳои сиёсӣ, харбӣ ва иқтисодии Франция ба амал барорад».

Солҳои охир дар баробари туризм (Монада аз туризм даромади калон мегирад) дар иқтисодиёти Монада саноату тиҷорат низ роли калон мебозанд. 70% аҳолӣ қобили меҳнатанд. Монада корхонаҳои саноати химия, фармакология, хӯрокворӣ, полиграфӣ, чинию сафол, масолеҳи бинокорӣ, корхонаҳои истеҳсоли таҷҳизоти электрӣ, аз ҷумла таҷҳизоти авиационию техникаи кайҳонӣ дорад. Бинокорӣ хеле инкишоф ёфтааст. Ҳукумати Монада соли 1966 «Ширкати оббозхонаҳои баҳрӣ»-ро, ки ба он қиморхонаи машҳури дуньё Монте-Карло ва бисьёр муассисаҳои ба туристон хизматрасонанда тааллуқ доранд, зери назорати худ гирифт. Ҳукумат дар айни замон торафт кам шудани шумораи туристонро ба назар гирифта, кӯшиш дорад, ки Монадаро ба макони маҷлису машваратҳои байналхалқӣ, алалхусус содаи океанография табдил диҳад.

Мӯҳлати таҳсил дар мактабҳои ибтидоӣ 5 сол, миёнаи нопурра 4 сол, миёна 7 сол (4+3) аст. Соли таҳсили 1971/72 дар мактабҳои ибтидоӣ 1,5 ҳазор ва мактабҳои миёна 2,9 ҳазор талаба таҳсил мекард. Маълумоти ибтидоӣ ва миёнаи нопурра ҳатмист. Соли таҳсили 1974/75 дар мактабҳои давлатӣ 3,6 ҳазор ва хусусӣ 1,4 ҳазор нафар хонанда таҳсил менамуд. Тайёрии касбҳои техникӣ дар асоси мактаби миёнаи нопурраи 2—3 сола ба амал бароварда мешавад. Маълумоти олиро танҳо дар хориҷа гирпфтан мумкин аст.

Дар Монада яке аз калонтарин радностанцияҳои Европа «Монте-Карло» кор мекунад, ки соли 1946 бо ҳамкории Франция сохта шудааст. Стансияи телевизион низ дорад. Газетаи ҳафтаинаи ҳукуматии «Журналь де Монако» нашр мешавад. Воҳиди пул — франки франсавӣ.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …