Маълумоти охирин

МОНАДА

МОНАДА (аз юн. monados — воҳид, ягона), мафҳумеро гӯянд, ки дар як қатор системаҳои фалсафӣ барои ифодаи унсурҳои муайяни ҳастӣ истифода мешавад. Дар фалсафаи атиқа аввалин шуда пифагориён Монадаро ба сифати принципи ибтидоии таъбири олам истифода бурдаанд. Монада дар фалсафаи аҳди нав аз тарафи Николаи Кузанӣ ва Бруно инкишоф дода шудааст. Монада мафҳуми асосии тамоми системаи фалсафаи Г. Лейбницро ташкил медиҳад. Мувофиқи ақидаи Г. Лейбниц Монада нахустҷавҳари оддӣ ва фаъол буда, табиати маънанӣ дорад ва тамоми оламро дар худ таҷассум менамояд. «Монадаҳо – як навъ ҷой мебошанд. Лейбниц— идеалист аст. Материя бошад чизест аз қабили ҳастии дигари ҷой ва ё ширеше, ки дар байни монадаҳо робитаи индуньёии ҷисмонӣ барпо менамояд» (Ленин В. И., Ас., ч. 38, саҳ. 402).

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …