Маълумоти охирин
Главная / Илм / МОМРОЗ

МОМРОЗ

momrozМОМРОЗ (Carpinus), ҷинси дарахтҳои хазонрез, баъзан бутта аз оилаи Corylaceae. Танаи Момроз пӯстлохи суфтаи хокистарӣ ва шоху барги зич дорад. Баргҳояш пай дар пай сода, гулҳояш ҷудоҷинсаи якхонагӣ мебошанд. Меваи Момроз чормағзаки яктухма буда, лифофаи баргшакл дорад.

Қариб 50 намуди Момроз дар Европа, Осиёи Шарқӣ ва Америкаи Шимолӣ мерӯяд. Дар СССР 5 намудаш дар ғарби Қисмн европоӣ, Қрим, Кавказ ва ҷануби кишвар. Примория мерӯяд. Момроз дар хокҳои намнок ва нарм хеле хуб месабзад; дар Осиёи Миёна (аз ҷумла дар Тоҷикистон) Момрози худрӯй вуҷуд надорад. Дар Тоҷикистон 6 намуди Момрозро парвариш мекунанд. Аз ҷумла Момрози оддӣ (С. betulus)-po аз соли 1935 мепарваранд. Ин дарахти баланди (то 20—30 м) соядӯст буда, баргҳои байзашакл дорад. Миқдори онро аз ҳисоби тухм ва қаламча зиёд мекунанд. Ниҳолро ба ҷои доимӣ дар 6-солагиаш мешинонанд.

Момрози оддӣ яке аз дарахтҳои асосии бешазорҳои Балкан ва Карпат аст; чӯби он хеле баландсифат буда, дар истеҳсолӣ мебел, асбобҳои мусиқӣ, дар мошонсозӣ ва ғ. васеъ истифода мешавад. Аз пӯстлохи он ранг ва аз баргҳояш қиёми даббоғӣ ҳосил мекунанд.

Ад.: Деревья и кустарники СССР, т. 2, М.—Л., 1951; Деревья и кустарники для озеленения Таджикистана. Д.. 1965.

Н. Г. Темберг.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …