Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / МОМБАСА

МОМБАСА

mombasaМОМБАСА (Mombasa), шаҳрест дар Кения, дар ҷазираҳои марҷонии уқёнуси Ҳинд. Маркази маъмурии вилояти наздисоҳилӣ. Аҳолиаш 351 ҳазор нафар (1976, бо атрофаш). Узели роҳҳои шоссе, стансияи роҳи оҳан ва бандари калони Африкаи Шарқист. Корхонаҳои саноати хӯрокворӣ, бофандагӣ, коркарди металл, цемент, истеҳсоли маҳсулоти нефт ва саноати металлургӣ дорад. Ба воситаи бандари Момбаса ба хориҷа қаҳва, чой, маҳсулоти нефт, пиретрума, сизал, цемент ва ғ. экспорт ва аз он ҷо нефт, ангишт, маснуоти металлӣ импорт мешавад. Аэропорташ (Порт-Рейтс) дар материк воқеъ гаштааст. Момбаса курорти баҳрист.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …