Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МОЛУ МУЛК

МОЛУ МУЛК

МОЛУ МУЛК дар ҳуқуқ 1) маҷмӯи ашё ва сарватҳои моддӣ, ки дар ихтиёри ягон шахс аст; 2) маҷмӯи ашё ва ҳуқуқи моликият барои гирифтани онҳо аз шахсони дигар; 3) маҷмӯи ашё ва ҳуқуқу ӯҳдадориҳои молу мулки ба шахси муайян тааллуқдор.

Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, ҷангалҳо, заводҳо, фабрикаҳо, шахтаҳо, конҳо, стансияҳои электрӣ, нақлиёти роҳи оҳан, нақлиёти обӣ, ҳавоӣ ва автомобилӣ, банкҳо, воситаҳои алоқа, корхонаҳои савдо, коммуналӣ ва дигар корхонаҳое, ки давлат ташкил кардааст, инчунин фонди асосии истиқоматгоҳ дар шаҳрҳо ва посёлкаҳои типи шаҳрӣ моликиятӣ давлатанд (мод. 95 КГ РСС Тоҷикистон). Корхонаву муассисаҳои маданӣ-маишӣ, бинову иншоотҳо, трактору комбайнҳо, мошинҳои дигар, воситаҳои нақлиёт, ҳайвоноти корӣ ва маҳсулдеҳи колхозҳо, ташкилотҳои дигар кооперативӣ, иттиҳодияҳои онҳо, маҳсулоти истеҳсолкардаи ин ташкилотҳо ва дигар Молу мулки барои ин ташкилотҳо зарур, моликияти онҳо мебошад (мод. 100 КГ РСС Тоҷикистон). Корхонаҳо, оиноҳо, иншоотҳо, санаторияҳо, хонаҳои истироҳат, қасрҳои маданият, клубҳо, стадионҳо, лагерҳои пионерӣ ва асбобу анҷоми онҳо, фондҳои маданӣ-маърифатӣ ва ғ. моликияти иттифоқҳои касаба ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятианд. Молу мулки барои қонеъ гардондани талаботи моддӣ ва мадании гражданҳо зарур моликияти шахсии онҳост (мод. 105 КГ РСС Тоҷикистон). Молу мулке, ки барои ҷамъият қимати баланд дорад ва аз тарафи соҳибаш хунукназарона муносибат шуда, ба нуқснокшавӣ роҳ дода мешавад, Молу мулки бесомон номида мешавад. Агар граждании ба Молу мулки барои ҷамъият қимати таърихӣ, бадеӣ ва ғ. дошта муносибати нодуруст кунад, бо талаби ташкилотҳои дахлдор суд метавонад онро ба ҳисоби моликияти давлатӣ гузаронад.

Мувофиқи Кодекси граждании РСС Тоҷикистон, сарват, бори талабкарданашуда, чизҳои бо почта фиристодае, ки мӯҳлати нигаҳдориашон гузаштааст, бозёфти талабкарданашуда ва ғ. Молу мулки бесоҳиб дониста шуда, моликияти давлатӣ ҳисоб мешаванд (мод. 150 КГ РСС Тоҷикистон).

Молу мулки зану шавҳар — ашё ва чизу чораи дар давраи зиндагии якҷоя ғун кардаашон моликияти умумии якҷояи онҳост. Дар соҳибӣ намудан, истифода ва ихтиёрдорӣ кардани Молу мулк зану шавҳар ҳуқуқи баробар доранд. Дар вақти тақсими Молу мулки умумӣ ҳиссаи онҳо баробар аст. Дар баъзе мавридҳо суд манфиати фарзандони ноболиғ, зан ё шавҳарро ба назар гирифта метавонад ба қоидаи баробар тақсим кардани ҳиссаи зану шавҳар риоя накунад. Молу мулки то ақди никоҳ ба зану шавҳар тааллуқдор, инчунин Молу мулки дар давраи никоҳ ҳамчун бахшиш ё мерос гирифта моликияти ҳар кадоме аз онҳост (мод. 21—22 КНО РСС Тоҷикистон) Соҳибмулк ҳақ дорад Молу мулкро ба ивази музди муайян ба истифодабарии муваққатӣ диҳад (мод. 273 КГ РСС Тоҷикистон).

У. Ҷумъаев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …