Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МОЛОТОВ

МОЛОТОВ

nophoto-manМОЛОТОВ (тахаллус, фамимлия Скрябин) Вячеслав Михайлович (таваллуд 9. 3. 1890, Нолинск, ҳозира Советски вилояти Киров), ходими сиёсии СССР.

Аъзои КПСС аз соли 1906. Аз оилаи мубошир (приказчик). Дар Институти политехникии Петербург таҳсил намуд (1911—12).

Дар Қазон, губернияи Вологда ва Петербург бо кори партия ва шуғл дошт.

Борҳо аз тарафи ҳукуматдорони подшоҳӣ таъқиб шудааст. Дар давраи Револютсияи феврали 1917 аъзои Бюрои КМ партия оид ба Россия интихоб шуд. Дар рӯзҳои Шӯриши мусаллаҳи октябрь дар Петроград аъзои Комитети ҳарбию революционӣ, баъд дар корҳои роҳбарикунандаи советӣ ва партиявӣ буд. Аз соли 1919 раиси Комитета иҷроияи губернияи Нижегород, котиби Комитети партиявии губернияи Донецк. Соли 1920 котиби КМ ПК(б)У. Солҳои 1921—30 котиби КМ ВКП(б), 1930—41 Раиси Совети Комиссарони Халқии СССР, баробари ҳамин, аз ман 1939 комиссари халқии корҳои хориҷии СССР, 1941—57 ҷонишини якуми Раиси СКХ (баъд Совети Базарони) СССР, баробари ҳамин (1941—49, 1953—57) комиссари халқии (баъд вазири) корҳои хориҷии СССР. Аз соли 1921 номзад ба аъзои, 1926—52 аъзои Бюропи Сиёсии КМ ВКП(б). Дар давоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45) ҷонишини раиси Комитети давлатии мудофиа. Иштирокчии конференцияҳои сардорони ҳукуматҳои се давлатӣ иттифоқчӣ— СССР, ШМА, Британияи Кабир дарӣ 30 ЭСТ, ч.

Теҳрон (1943), Қрим (1945). Потсдам (1945), Солҳои 1952—57 аъзои Президиуми КМ КПСС. Молодёжная аъзои КИМ Умумироссия, КИМ-и СССР, депутати Совети Олии СССР буд. Солҳои 1957—60 сафири СССР дар Республикаи Халқии Муғулистон, 1960—62 роҳбари намояндагии Советӣ дар Агентии байналхалқӣ (дар Вена) оид ба қувваи атом. Аз соли 1962 нафақахӯри шахсӣ.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …