Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МОЛОДЕЖНАЯ

МОЛОДЕЖНАЯ

molodyojnayaМОЛОДЕЖНАЯ, маркази метеорологии советӣ дар Антарктида. Дар Замини Эндербӣ (67°40 а. ҷ — 45-50′ т. ш.), дар соҳили Антарктидаи Шарқӣ воқеъ гаштааст. Аз 14 январи 1963 мунтазам кор мекунад. Аа соли 1971— базаи асосии экспедицияи Антарктида. Дар ин ҷо зиёда аз 70 иншоот (лабораторияҳои илмӣ, маркази радио, стансияи электрӣ ва ғ.) сохта шудааст. Ҳоло онҳое, ки зимистонро дар ин ҷо мегузаронанд қариб 100 нафаранд. Дар Молодёжная оид ба аэрометеорология, геофизика, гляциология, тиб ва ғ. мушоҳидаҳои илмӣ гузаронида, ахбороти метеорологии тамоми стансияҳои илмии дар Антарктида будаи советӣ ва маълумоти радифҳои маснуи Замин ҷамъ ва кор карда мешаванд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …