Маълумоти охирин
Главная / Илм / «МОЛНИЯ»

«МОЛНИЯ»

molniya«МОЛНИЯ», номи як силсила радифони маснуи Замин (РМЗ), ки дар СССР барои ретрансляцияи барномаҳои телевизионӣ, алокаи дури телефонию телеграфӣ, инчунин радиоалоқаи фототелеграфӣ таъин шудаанд ва ба таркиби системаи радиоалоқаи дури кайҳонии «Орбита» дохиланд. Якчанд навъи ин РМЗ-ҳо («Молния-1», «Молния-2», «Молния-3» ва «Молния-1 С») cap дода мешаванд. РМЗ-и «М-1» ба таври муттасил аз соли 1965 истифода мешаванд; онҳо бо ретрансляторон бортие таъминанд, ки дар диапазони мавҷҳои дарозиашон дециметрӣ (800—1000 МГ ц) кор мекунавд. РМЗ-и «М-2» аз соли 1971 cap карда, мувофиқи программаи инкишофи минбаъдаи системаи алоқа бо РМЗ cap дода мешаванд; онҳо бо ретрансляторҳои бортие таъминанд, ки дар диапазони мавҷҳои дарозиашон сантиметрӣ кор мекунанд. РМЗ-и «Молния» ба мадорҳои синхронии эллипсие бароварда мешаванд, ки эксцентрвситети калон доранду авогеяшов дар болои Нимкураи шимолӣ воқеъ гердидеест. Баландии апоген онҳо тақрибан 40 ҳазор км, баландии перигеяшон 460—630. км, тамоюли мадорашон нисбат ба ҳамвории экватор 62,8—65,5°, даври гардишашон тақрибан 12 солро ташкил медиҳад. Ҳангоми мавҷудияти ин гуна мадорҳо барои пунктҳои аҳолинишини СССР ва дигар мамлакатҳои Нимкураи шимолӣ алоқаи давоматашон то 8—10 сеанс додан мумкин аст.

Системаи иборат аз се РМЗ, ки ба чунин мадор бароварда шудаанд, алоқаи бефосилаи шаборӯзиро таъмин мекунанд. Ҳангоми cap додан «Молния» якҷоя бо зинаи охирини ракетаи баранда ба мадори пасти РМЗ пешакӣ бароварда мешавад; сипас муҳаррики ракетии зинаи охиринро ба кор андохта, ба зинаи охирин суръати иловагие медиҳанд, ки он барои ба мадори асосӣ баровардани «Молния» имкон медиҳад. Андозаҳои «М-1» чунинанд: дарозӣ, тақрибан 4,4 и, диаметри корпус 1,4 м, паҳноии Якхелҳои батареяи офтобӣ 8,6 м. қисми асосии аппаратура ва таҷҳизот дар корпуси герметӣ ҷойгир аст. Системаи ориентация дар рафти парвоз рӯ ба Офтоб вигаронядани батарейҳои офтобӣ ва ба сӯи Замин нигаронидани яке аз антеннаҳои параболиро муттасил таъмин мекунад. Барои танзими мавқеи хати парвоз нисбат ба мадорҳои муайяни Замин ва тағйири вақти сеансҳои алоқа системаи коррекцияи мадор хизмат мекунад. «Молния»-ҳо аз 6 панели батареяҳои офтобӣ энергия мегиранд (панелҳо баъди аз ракетаи баранда ҷудо шудан кушода мешаванд). Комплекси василаҳои радиотехникии бортӣ параметрҳои мадорро чен, радиоамрҳоро аз Замин қабул мекунад ва ахбори телеметриро дар бораи кори системаҳои бортӣ ба Замин мефиристанд. Сеансҳои алоқа автоматӣ (аз рӯи амрҳои таҷҳизоти бортӣ) ё аз рӯи амрҳои бо хати радио аз Замин оянда идора карда мешаванд. Аввалин РМЗ аз силсилаи «М.-1» 25 апрели 1965 cap дода шуд. Бо cap дода шудани радифи дуюмини силсилаи «М-1» (14 октябр 1965) истифодаи таҷрибавии системаи алоқаи дури телевизионӣ ва телефонӣ-телеграфии дутарафа оғоз ёфт. Радифи сеюми силсилаи «М.-1» (25 апрели 1966 cap дода шуд) ғайр аз ин, ба тарной ҳамкории байналхалқӣ барои мубодилаи барномаҳои телевизионии байни Иттифоқи Советӣ ва Франция, аз он ҷумла мубодилаи барномаҳои телевизиони ранга аз рӯи системаи «СЕКАМ», истифода шуд. Бо ёрии аппаратураҳои телевизионии бортие, ки дар РМЗ-и «М-1» гузошта шудаанд, аз моҳи май 1966 cap карда барои ба даст овардани информацияи метеорологӣ дар бораи тақсимоти абрҳо ба замин тасвирҳои фотографии аз баландиҳои 30 ҳазор км ва зиёда аз он гирифташуда ба Замин фиристода мешаванд. Соли 1967 тасвири телевизионии рангаи Замин 1 аз кайҳон ҳосил карда шуд. Соли 1974 I навъҳои нави ин силсилаи РМЗ «Молния» 1 3» ва «Молния-4» cap дода шуданд. Пераметрҳои мадори «Молния-З» ба переметрҳои мадори «М.-l» наздик аст. «М-1С» бошад, мадори квазистеционерӣ дорад. То 1 январи 1981 79-то РМЗ-и; силсилаи «Молния» cap дода шудаанд, ки алоқа ва намоишҳои мунтазами телевизиониро дар саросери терр. СССР ва дигар мамлакатҳо таъмин мекунанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …