Главная / Гуногун / МОЛИКОНА

МОЛИКОНА

molikonaМОЛИКОНА, баҳрачаи моликона, рентаи замин дар Осиёи Миёна дар асрҳои 15—20. Моликона баъди Осиёи Миёнаро истило намудани арабҳо пайдо шуда бошад ҳам, танҳо пас аз асри 15 равнақ ёфт. Дар хониҳои Осиёи Миёна то ғалабаи Револютсияи Кабири Социалистии Октябрь се шакли Моликона маъмул буд: бегор, андоз дар шакли маҳсулот ва пул. Дар хоҷагии қишлоқ бештар андози маҳсулот ҷой дошт. Моликона аз даҳ як ҳиссаи ҳосили ҳама гуна заминро дар бар мегирифт. Аз сабаби кам будани хоҷагиҳои калони ғаллакор рентаи бегор дар шакли таъмири ҷӯю роҳҳо, сохтмони пулҳо, иншоотҳои ҳарбӣ, қалъаҳо ва ғ. адо мешуд.

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

САҚАНКӮР

САҚАНКӮР, нигаред Самандар.