Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МОЛИКИЯТИ ШАХСӢ

МОЛИКИЯТИ ШАХСӢ

molikiyati-shakhsiМОЛИКИЯТИ ШАХСӢ дар СССР, моликияти индивидуалии гражданҳои советист (даромадҳои меҳнатӣ ва пасандоз, асбобу анҷоми рӯзгор ва истеъмоли шахсӣ), ки ба меҳнати шахсӣ асос ёфтааст. Колхозчиён мувофиқи Устави артели хоҷагии қишлоқ метавонанд участкаи наздиҳавлӣ (ҳаётӣ), чорвои сермаҳсул, мурр ва олоти майдаи хоҷагии қишлоқ дошта бошанд. Моликияти шахсӣ қисми таркибии сарвати миллии мамлакат аст. Мувофиқи қонунгузории советӣ гражданҳо ба Моликияти шахсӣ, ба мерос гирифтани он ҳуқуқ доранд. Давлат моликияти ҷамъиятии социалистӣ — асоси социализмро аз ҳар ҷиҳат муҳофизат ва афзун карда, дар баробари он Моликияти шахсӣи меҳнаткашонро ҳифз менамояд, ки афзудани он ба зиёд шудани моликияти ҷамъиятии социалистӣ вобаста аст. Моликияти шахсӣе, ки дар СССР ва дигар мамлакатҳои социалистӣ вуҷуд дорад, аз Моликияти шахсӣ мамлакатҳои капиталистӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Дар замони социализм, ки воситаҳои истеҳсолот моликияти ҷамъиятист, Моликияти шахсӣ ба қонеъ гардондани талаботи моддӣ ва маънавии халқ мусоидат мекунад ва ҳеҷ гоҳ барои истисмори меҳнатӣ кироя истифода бурда намешавад. Ниг. низ Моликият.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …