Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МОЛИКИЯТИ БАЙНИКОЛХОЗӢ

МОЛИКИЯТИ БАЙНИКОЛХОЗӢ

molikiyati-baynikolhoziМОЛИКИЯТИ БАЙНИКОЛХОЗӢ дар СССР, навъи моликияти кооперативии социалистӣ. Солҳои 60 асри 20 дар асоси минбаъд умумихалқӣ гардидани истеҳсолоти колхозӣ, тараққии босуръати қувваҳои истеҳсолкунанда ва тақсимоти ҷамъиятии меҳнат ба вуҷуд омадааст. Асосан 4 шакли ташкилию ҳуқуқии алоқаи истеҳсолоти байниколхозӣ вуҷуд дорад: ташкилот ва муассисаҳои доимоамалкунандаи байниколхозӣ, ки советҳои байниколхозӣ идора менамоянд (корхонаҳои сохтмон, фабрика ва фермаҳои мурғпарварӣ, парвои ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ заводҳои истеҳсоли хӯроки чорво, коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва ғ.); объектҳои байниколхозӣ, ки дар асоси шартномаи оид ба фаъолияти якҷоя ташкил мешаванд; иттиҳодияҳои байниколхозии вилоятӣ (кишварӣ) ва республикавӣ; фондҳои байниколхозӣ. Ҳар яке аз ин шаклҳои Моликияти байниколхозӣ дороп ҷиҳатҳои ба худ хос мебошад. Аз рӯи ҳиccaҳoи маблағгузории колхозҳо базаи моддин фаъолияти ташкилот, корхона ва иттиҳодияҳои байниколхозӣ ташкил меёбанд. Асбобу анҷом ва воситаю маблағҳои ташкилотҳо ва корхонаҳои байниколхозӣ моликияти ҷамъиятии колхози пайчӣ ба шумор меравад. Дар бораи ба ин ё он ташкилот ё корхонаи байниколхозӣ аъзо шудани колхоз маҷлиси умумии аъзоёни колхоз қаpop қабул мекунад.

Баробари тараққӣ кардан ва мустаҳкам шудани сохти колхозӣ шаклҳои нави ҳамкории байниколхозӣ ба миён меоянд ва такмил меёбанд. Намудҳои ғайриистеҳсолии Моликияти байниколхозӣ (хонаи истироҳат ва санатория, касалхонаҳо, хонаи инвалидону кӯҳансолон ва ғ.) низ инкишоф ёфтаанд.

Моликияти байниколхозӣ ба наздикшавии моликияти кооперативии умумӣ ва умумихалқӣ кӯмак расонида, заминаи бавуҷудоӣ ва инкишофи иттиҳодияҳои аграрию саноатӣ мегардад. Корхонаҳое, ки дар асоси Моликияти байниколхозӣ ташкил ёфтаанд, барои дуруст истифода бурдани маблағгузорӣ ва захираҳои меҳнатии колхозҳо, барои саъю кӯшиши онҳоро ба сохтмони индустрияи истеҳсолии замонавӣ равона намудан ва ғ. шароит фароҳам меоранд. Ниг. низ

Корхонаҳои байниколхозӣ.

Ад.: Валовой Д. В., Развитие межколхозных производственных связей. М.. 1962; Аграрно-промышленные объединения: принципы, организация и опыт развития, Кишинёв, 1971.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …