Маълумоти охирин

МОЛИКИЯ

molikiyaМОЛИКИЯ (ар.), яке аз мазҳабҳои равияи сунии дини исломро гӯянд, ки бо номи асосгузораш Молик ибни Анас (715—795) маъмул аст. Моликия фиқҳро дар асоси ҳадис эҷод намуда, таъвили ақлии Қуръонро рад менамояд. Моликия нисбат ба дигар мазҳабҳо оштинопазир аст. Моликиҳо истифодаи хулосаҳои мантиқӣ ва қиёсро мумкин мешумурданд, вале мисли пайравони Ҳанифия онро васеъ ба кор намебурданд. Агар ҳадисҳо манфиати ҷамоаро ифода накунанд, тағйири онро Моликия раво медoнист (принципи истилоҳ). Моликия дар ҳолати зарурӣ аз иҷмоъ низ истифода менамуд.

Мазҳаби Моликия, ғайр аз Ҳиҷозу Малина, дар асри 9 Дар шимоли Миср, Африкои Шимолӣ (Мағриб) паҳн шуда буд. Дар Аидалусия мзҳаби (идеологияи) давлатӣ буд, вале дар Аҷам нуфуз надошт. Моликия ҳоло дар байни мусулмонони Мағриб (Тунис, Алҷазоир, Марокка), Африкаи Ғарбӣ, Судон ва қисман шим. Миср нуфуз дорад.

Ад.: Масса А , Ислам. Очерк история, М. 1961; Иструменский

И. П., Ислам в Иране и VII—XV вв., Л., 1966.

А.Coдиқов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …