Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МОЛИКИ ДАЙЛАМӢ

МОЛИКИ ДАЙЛАМӢ

nophoto-manМОЛИКИ ДАЙЛАМӢ (1518, Қазвин — 1562, ҳамон ҷо), хушнавис ва шоир. Аз оилаи донишманд. Молики Дайламӣ навиштани хатҳои сулсу насхро аз падараш омӯхтааст. Молики Дайламӣ дар навиштани ин навъи хат чунон моҳир шуд, ки хати ӯ хатто аз хати Ёқути Мустаъсимӣ кам фарқ мекардааст. Баъдтар аз рӯи навиштаҳои Миралии Ҳиравӣ хати настаълик ва дигар навъҳои онро мукаммал омӯхт. Илмҳои машҳури замонаш, аз ҷумла сарфу наҳв, маонӣ, баён, мантиқ, риёзиёт ва ҳикматро назди Хоҷа Ҷамолуддин Муҳаммади Шерозӣ аз худ кардааст. Рустамалӣ, Ҳофиз, Бобоҷон, Ҳусайни Табролӣ, Шоҳмаҳмуди Машҳадӣ ва Кутбуддини Яздӣ аз шогирдони Молики Дайламӣ будаанд. Ӯ муддате дар хизмати Ибрҳиммирзоӣ Сафавӣ буд. Аз осори хаттотии ӯ як муракқао маҳфуз мондааст (китобхонаи Истамбул), ки бо дастур ва сарварии Молики Дайламӣ ҷамъоварӣ ва саҳҳофӣ шудааст. Oн осори беҳтарин хушнависон ва мусаваирону тазхиби музаҳҳибони асрҳои 9-10-ро дар бар гирифтааст. Дебочаи ин мураққаъ ба қалами Молики Дайламӣ тааллуқ дорад. Ҳамчунин рисолаи «Ҳусн ва дил»-и Фаттоҳи Нишопурӣ (1548) ва як қитъа (1562) дар Китобхонаи оммавии ба номи Салтыков-Щедрини Ленинград маҳфузщанд. Намунаи осори хаттотии ӯ дар дигар китобхонаҳои ҷаҳон низ дида мешавад.

Қ. Махсумов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …