Главная / Илм / МОЛИЯ

МОЛИЯ

moliyaМОЛИЯ (ар. — сарват, дороӣ, нақдина), системаи муносибатҳои иқтисодӣ, ки бо мавҷудияти давлат ва фароҳамории фонди захираҳои пулӣ барои иҷрои вазифаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ зарур бевосита алоқаманд аст. Асоси моддии Моликонаро фонди воситаҳои пулӣ ташкил медиҳад, зеро он бо муомилоти пул зич алоқа

дорад. Аммо Молия на пул, балки муносибатест, ки дар процесси ташкил ва истифодаи фондҳои пулӣ ба вуҷуд меорад. Мазмун, характери истифода ва қонуниятҳои инкишофи Молия

бо тарзи истеҳсолот, характери синфӣ ва вазифаҳои давлат, мазмуну дараҷаи инкишофи муносибатҳои пулию молӣ муайян карда мешавад. Вазифаҳои асосии Молия дар ҷамъияти истисморгарон аз таъмини шароити моддии мавҷудияту амали аппарати давлатӣ ва органҳои он иборатанд. Асоси иқтисодии Молияи давлатӣ буржуазиро моликияти хусусӣ будани воситаҳои истеҳсолот ва системаи хоҷагии капиталистӣ ташкил медиҳад. Давлати капиталистӣ бо ёрии Молия қисми зиёди даромади миллиро барои нигоҳ доштани органҳои аппарати давлатӣ ва пур кардани ҷои хароҷоти ҳарбӣ аз нав тақсим мекунад. Дар ин тақсимот андозҳо роли муҳимро мебозанд. Тамоми тадбирҳои Молияи давлатҳои капиталистӣ ба муҳофизат, зиёду мустаҳкам намудани моликияти хусусии капиталисте ва системаи истисмор равона карда шудааст. Роли Молияи давлатӣ дар процесси бойтар шудани буржуазия, махсусан дар давраи тараққии капитализми давлатию монополистӣ боз ҳам баланд шуд. Тезу тунд шудани зиддиятҳои капиталистӣ, инкишофи муносибатҳои давлатию монополистӣ, пурзӯр гардидани милитаризм боиси афзудани андозҳо, зиёд шудани қарзҳои давлатӣ, тезу тундшавии бӯҳронҳои молиявӣ ва ноустувории Молияи давлатӣ мегардад.

Дар ҷамъияти социалистӣ мавҷудияти истеҳсолоти молӣ ва муомилоти молӣ зарурати Молияро ба миён меорад. Дар ин ҷамъият Молия системаи муносибатҳои иқтисодиест, ки бо ёрии он фондҳои пулӣ мувофиқи план ба вуҷуд оварда шуда, ба манфиати такрористеҳсоли васеи социалистӣ ва қонеъ гардонидани талаботи моддию мадании меҳнаткашон истифода мешаванд. Молияро Давлати Советӣ мувофиқи план ба воситаи роҳбарияти марказонидаи хоҷагии халқ дар асоси сиёсати ягонаи иқтисодӣ ба амал мебарорад. Ниг. (Планкашии молиявӣ). Молия функцияи тақсим ва назоратро иҷро мекунад. Давлати социалистӣ ба воситаи Молия ба вуҷуд овардан, тақсим ва аз нав тақсим кардани маҷмӯи маҳсулоти ҷамъпятӣ ва даромади миллиро идора карда, процесси фароҳаморӣ ва истифодаи фонди воситаҳои пулӣ, риояи тартиби сарфакориро назорат менамояд. Молияи социалистӣ маҷмӯи Молияҳои умумидавлатӣ ё марказонидашудаест, ки бевосита дар ихтиёри давлатанд. Молияҳои ғайримарказонидашуда дар ихтиёри корхонаю ташкилотҳои социалистӣ мебошанд. Ба Молияи умумидавлатӣ бюҷети давлатӣ, суғуртаи иҷтимоии давлатӣ, системаи  кредитӣ давлатӣ (ниг. Кредит), мансубанд. Мувофиқи характери иқтисодӣ ва таркиби иҷтимоӣ Молияи умумдавлатӣ ва Молияи корхонаҳою ташкилотҳои давлатӣ якхелаанд, зеро асоси онҳоро моликияти социалистӣ будани воситаҳои истеҳсолот ташкил менамояд ва онҳо бевосита ба процесси плании такрористеҳсолӣ социалистӣ хизмат мекунанд. Давлат дар хоҷагии халқ бо ёрии Молия фароҳам овардан, тақсиму истифодаи даромад, андухт ва амонатро ташкил менамояд, онҳоро дар байни соҳаҳои хоҷагӣ, республикаҳо) ноҳияҳои иқтисодии мамлакат, секторҳои иқтисодию гурӯҳҳои аҳолӣ аз нав тақсим мекунад, барои дарёфт ва самаранок истифода бурдани захираҳо, иҷрои планҳои хоҷагии халқ мусоидат намуда, ба ташаккули теносубҳои муҳими хоҷагии халқ фаъолона таъсир мерасонад. Молия соҳаи алоҳидаи фаъолияти иқтисодӣ ба ҳисоб меравад, ки барои амалӣ гардонидани он органҳои давлатии махсуси системаи молиявӣ, звеноҳои аппарати молилвии хоҷагӣ, планӣ ва назоратӣ ташкил карда шудаанд. Фаъолияти онҳо мувофиқи принципҳои централизм» демократӣ ва сиёсати миллӣ, дар асоси пленҳои молиявии корхона, муассисаю тешкилотҳои иттиҳодиҳои истеҳсолӣ, вазоратҳо, идораҳо, плани молиявии умумидавлатӣ, бюҷети давлатии мамлакат ташкил карда мешаванд. Системаи молиявии РСС Тоҷикистон қисми таркибии системаи молиявии СССР буда, Молияи корхонаҳои социалистию соҳаҳои хоҷагии халқ ва бюҷети давлатии республикаро ташкил медиҳад. Бюҷети давлатӣ звенои муҳимтерин ва асосӣ мебошад. Системаи молиявии РСС Тоҷикистон аз бюҷети республикавӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, рейонӣ, посёлкавӣ, шаҳрҳои тобеи район ва бюҷетҳои қишлоқ иборат аст.

Вазифаи асосии панҷсолаи ёздаҳум минбаъд ҳам баланд бердоштани дераҷаи некуаҳволии одамони советӣ дар асоси тараққиёти бардавому пуравҷи хоҷагии халқ тезондани прогресси илмию техникӣ ва гузарондани иқтисодиёт ба роҳи ривоҷу равнақи босуръат, оқилонатар ва дурусттар истифода бурдани потенциалӣ истеҳсолии мамлакат, ҳарҷониба сарфа кардани ҳамаи хелҳои ресурсҳо ва беҳтар намудани сифати кор мебошад.

Ад: Ленин В. И., Капитализм ва андозҳо. Ас., ч. 19; ҳамон муалл., Нутқ дар бораи масъалаи молиявӣ дар маҷлиси комитети иҷроияи марказии умумироссия 18 апрели соли 1918, Ас.,

2., 27; ҳамои муалл., Маърфат дар уъезди умумироссиягии намояидагони шӯъбаҳои молиявии советҳо 18 май соли 1918, Ас., ч. 27; ҳамон муалл., О социалистических финансах, М., 1971; Зверев А. Г.. Национальный доход и Финансы СССР, М., 1970 Финансы СССР,

М . 1971; Куликов В. С., Роль финансов в повышении благосостояния советского народа, М., 1972; Проблемы развития социалистически финансов, М., 1977; Финансовые рычаги повышения эффективности производства, М . 1У7В,

Ҷ. Лафизов.

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

САТҲ (дар математика)

САТҲ (дар математика), яке аз мафҳумоти асосии геометрия аст, ки дар фаслҳои мухталифи он маъноҳои …