Маълумоти охирин
Главная / Илм / МОЛИБДЕН

МОЛИБДЕН

molibdenМОЛИБДЕН (лот. Molybdaenum), Мо, элементи химиявии гурӯҳи VI системаи даврии Менделеев; разами ат. 42, массаи ат. 95,94. Соли 1778 химики швед К. Шеелс кашф ва соли1782 дигар химики швед П. Гьельм аз Мо03 ҳосил кардааст. Молибден элементи нодир буда, 1,1 * 10—4% массаи қишри Заминро ташкил медиҳад. Дар табиат 7 изотопи собити массаи атомашон 92, 94—98 ва 100-и М. маълум аст. Аз 15 минерали маълуми он муҳимтаринаш повеллит СаМоО*, вульфенит РЬМо04, молибдат Fe2(Mo04)3. пН20 мебошанд.

Молибден металли хокистарранги душворгудоз буда, t гуд. 2620 ± 10° С, t ҷӯш. қариб 4800° С ва зичиаш 10200 кг/м3 (20° С) аст. Дар ҳарорати 600° С то МоОэ оксид мешавад; дар 700° С бо буш об ба реакция рафта, MQ02 ҳосил мекунад. Дар шароити мӯътадил Молибден бо фтор ва ҳангоми тафсонидан бо хлор, буғҳои сулфур, нитроген, карбон ва дигар нометаллҳо пайваст мешавад. Молибден дар кислотаи нитрат, шахшароб, пероксиди гидроген ва дар ҳарорати 80—100° С дар кислотаҳои гидрогенхлорид ва сулфат нағз ҳал мешавад. Молибден дар пайвастҳои химиявиаш 6, 5, 4, 3 ва 2-валента аст. Сеоксиди М. (МоОэ) кислотаҳои содда (моногидрат Н2МоО«, дигидрат Н2МоО Н20), изополикислотаҳо (Н2М0уО24, H^M06O2H ва ғ.) ҳосил менамояд. Намакҳои кислотаҳои соддаи Молибден молибдатҳо ва намакҳои изополикислотаҳои он полимолибдатҳо ном доранд. Аз галогсипдҳо ва окенгалогенидҳои Молибден MoF6, MqCIs бештар аҳамиятноканд. Молибден ва хулаю пайвастҳои онро дар саноат аз концентратҳои стандартии молибдендор ҳосил мекунанд. Молибден барои ҳосил намудани пӯлодҳои легиронидашуда, дар электротохянка, техникаи авиационӣ, кайҳонӣ ва ядроӣ, як қатор пайвастҳои он дар истеҳсоли лок ва рангҳо (мас. ЩгМоО*), масолеҳи молиданӣ (MOSa) микронуриҳо ва ғ. истифода мешавад. Дар растаниҳо Молибден биосинтези кислотаҳои нуклеат ва сафедаро метезонад ва боиси афзудани хлорофилл ва витаминҳо мегардад; аз норасоии он растаниҳо ба касалӣ дучор мешаванд. Миқдори барзиёди Молибден дар организми одам мубодилаи моддаро вайрон карда, боиси пайдо шудани бемории инрис мегардад.

Ад.: 3еликман А. Н., Молибден, М., 1070; Биологическая роль молибдена. М.. 1072.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …