Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МОЛХОНА

МОЛХОНА

МОЛХОНА, бино барои чорво. Дар Молхона асосан чорвои калони шохдорро баста ё набаста парвариш мекунанд. Молхонае, ки дар он чорвои калони шохдорро баста парвариш мекунанд, 2 (расм), 4 ва 6-қатора мешавад. Дар Молхонаи 2-қатори оғилро қатор сохта, бо роҳравҳои барашон 1,5-метра ба секцияҳо ҷудо мекунанд (расм, в). Аз роҳрави миёна, ки бараш 1,5 м аст (расм, б), ба охӯрҳо емухошок андохта, аз ду роҳравҳои канор (бараш 1,2 м) пору мекашонанд (расм, в). Дар Молхонаи 4-қатора 2 роҳрави ему хошоккашонӣ ва 3 роҳрави порубарорӣ месозанд. Молхонаи 6-қатора 3 қатор оғил, 3 роҳи ему хошоккашонӣ ва 4 роҳи порубарорӣ дорад. Дар ҳар як оғили Молхона асбобу анҷоми чорвобандӣ, oxӯp ва обхӯра мавҷуд аст. Ҳаҷми Молхонаҳо вобаста ба маҳсулнокию зоти чорво гуногун (бараш 1—1,2 м ва баландиаш 1,7—2 м) мешавад. Молхона барои нигоҳ доштани ему хошок, асбобу анҷом, камераҳои шамолдиҳӣ, барои кормандон ва ғ. биноҳои иловагӣ дорад. Дар назди Молхона блоки шир сохта мешавад, ки дар он лаборатория, ҷойҳои ширҷамъкунӣ, зарфшӯӣ, вакуум-насос, дегхона ва ғ. мавҷуд аст. Барои вабаста парвариш кардани чорво Молхона чор тарафаш руст ё нимкушод (дар намуди айвон) месозанд. Дар районҳое, ки ҳарорати ҳаво аз —20° С васт намешавад, асосан Молхонаи нимкушод сохта мешавад. Ин Молхонаҳо бо панҷараҳои чӯб, тахта ё одати муваққатан ба секцияҳо ҷудо карда мешавад. Дар ҳар як сенция то 60 cap гов ҷой мегирад. Барои бо механизмҳо баровардани пору, кашонидани ему хошок дар мобайни секцияҳо роҳ месозанд. Дар Молхонаи хоҷагиҳои ширӣ барои ҳар як модагов 4—5 м ва дар хоҷагиҳои гӯштистеҳсодкунӣ барои дар як модагов (бо гӯсолааш) 7 м ҷой ҷудо мекунанд. Дар назди Молхона биноҳои говҷӯшӣ сохта, онро бо асбобу анҷомҳои ширҷӯшӣ таъмин мекунанд.

 

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …