Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МОЛГУЗАР

МОЛГУЗАР

МОЛГУЗАР, кӯҳ шохаи ғарбии қаторакӯҳи Туркистон дар вилояти Ҷиззахи РСС Ӯзбекистон. Аз ағбаи Ғӯpалаш дар Ш. то водии Сангзор дар Ғ. ба масофаи 70 км тӯл кашидааст. Баландиаш то 2621 м. Молгузар аз оҳаксанг, регсангу варақсангҳо таркиб ёфтааст. Дар нишебиҳояш набототи нимбиёбонӣ ба даштӣ мерӯяд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …