Маълумоти охирин
Главная / Илм / МОЛЬЕР

МОЛЬЕР

nophoto-manМОЛЬЕР (МоЫге) (таваллуд; ном ва фамимилия Жав Батист Поклей; 15.

  1. 1622, Париж — 17. 2. 1(573, ҳамон ҷо), драматурги франсавӣ. Коллежи Клермовро тамом кардааст (1639). Соли 1643 дар Париж «Театри бошукӯҳ»-ро ташкил дод. Солҳои 1645—58 бо гурӯҳи актёрони масхарабоз ба музофотҳои Франция сафар кард. Мазҳакаҳои аввалини Молер—«Беакл» (1655) ва «Гама ишқ» (1656) дар асоси анъанаҳои маҳакаи италиявӣ навишта шудаанд. Дар мазҳакаи «Ишвагарони хандаовар» (1659) маҳфилҳои адабии дворянӣ ва адабиёти дидактикиро хаҷв кардааст. Дар мазҳакаҳои иҷтимоии психологии «Мактаби мардҳо» (1661) ва «Мактаби занҳо» (1662) Молер ҳиссиёти озод ва табииро ҳимоя карда, барандаи дурӯягӣ, молпарастӣ ва зулми оилавӣ баромадааст. Дар мазҳакаҳои «Тартюф» (1644), «Дон Жуан» (1665), «Мизантроп» (1666) заъфи маънавӣ ва бедаёни арнетократияи дарбор танқид шудааст. Аз ваҷҳи «Тартюф» байни Молер ва иртиҷоъпарастон муборизаи шадиде давом кардааст. Молер инчунин муаллифи мазҳакаҳои «Хасис» (1668), «Найрангҳои Сканей» (1671), «Бемории сохта» (1673) ва ғ мебошад. Молер беҳтарин анъанаҳои театри халқии франсавиро бо ғояҳои пешқадами гуманистӣ, ки мероси давраи Эҳёст, омезиш дода ва таҷрибаи классицизмро истифода бурда, навъи нави мазҳакаро эҷод кардааст, ки рӯҳи замонавӣ дошта. ноҳамвориҳои иҷтимоии, ҷамьиятӣ дворянии буржуазиро фош менамоянд Мазҳакаҳои Молер— «Табиби зӯракӣ», «Тартюф», «Ашрофвараст», «Найранҳои Сканев» дар театрҳои Тоҷикистон ба саҳна гузошта шудаанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …