Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / МОЛДАВИИ

МОЛДАВИИ

moldovaМОЛДАВИИ, Республикаи Советии Социалистӣ (Республика Советии) Социалистӣ Мол­довеняска), Молдова.

Маълумоти умумӣ. 12 октябри 192-11 РАСС Молдавии дар ҳайати РССУ ва баъди ба СССР ҳамроҳ шуда ин Бес­сарабия 2 августи 1940 РСС Молддави таш­кил ёфт. Молдавии дар интиҳои Ҷ. Ғ-и қисми европоии СССР воқеъ гардидааст. Дар Ғ. бо Республикаи Социалистии Румыния, дар Шим. Ш. ва Ҷ. бо РССУ ҳамҳудуд аст. Масохаташ 33,7 ҳазор км1. Аҳолиаш 3995 ҳазор нафар (январ 1981). Республика ба 37 район тақсим буда, 21 шаҳр, аз ҷумла 9 шаҳри тобеи республикавӣ ва 44 птш дорад. Пойтахташ ш. Кишинёв (547 ҳазор аҳолӣ, 1981).

Сохти давлатӣ. РСС Молд. давлати умумихалқӣ, республикаи советии социалистии иттифоқӣ дар ҳайати СССР. Конституцияи ҷориашро Сес­сияи 8-уми ғайринавбатии Совети Олии РСС Молд. 15 апрели 1978 қабул кардааст. Органи олии ҳокимият — Совети Олии республика, дар давраи байни сессияҳо Президиум» Совети Олӣ. Органи олии иҷроия ва амрдиҳанда — Совети Вазирони РСС Молд. Органҳои ҳокимияти маҳаллӣ Советҳои депутатҳои халқии районӣ, шаҳрӣ, посёлкавӣ ва қишлоқӣ мебошанд.

Табиат. Терр. Молдавии ҳамвории теппадор. Баландтарин ҷои он дар қисми марказии республика воқеъ аст. Ба­ландии марказии Молдавии Кодра (429 м) ном дорад. Баландии назди Днестр қад-қади соҳили Днестр тӯл кашидааст. Қисми шим. Молдавииро хамвории Шимоли Молдавия (250—300 м) ишғол кардааст; дар Ҷ. ҳамвории Ҷануби Молдавия воқеъ аст, ки тадриҷан ба пастии назди баҳр Сиёҳ табдил меёбад. Замини Молдавии аз масолеҳи бинокорӣ (оҳаксанг, гил, сангреза,  бӯр, гаҷ, мергел, per, аз ҷумла реги шишабоб) бой аст. Конҳои фосфорит, нефт, газ, бентопит ва ғ. низ ҳастанд. Иқлимаш — мӯътадили конти­нентӣ. Ҳарорати миёнаи июль дар Шим. 19,5 С ва дар Ҷ. 22е С, январ мувофиқан — 5* С — 3° С. Боришоти солона дар Ҷ. 370—400 ва дар Шимол то 560 мм. Дарьёҳо ба ҳавзаи баҳри Сиёҳ мансубанд. Дарьёи калонтарин —Днестр (дар ҳудуди Молдавии тӯлаш 657 км), шохобҳои асосии он — Роут, Бык, Ботна. Дарьёи дуюми нисбатан калон — Прут бо шохобҳояш: Чугур, Камен­ка, Ларга ва ғ. Қисми зиёди заминаш аз хелҳои гуногуни сиёҳхок иборат (75% терр. Молдавии) аст; хокаш—сиёҳтоб, хокистарӣ, аллювиалию марғзорӣ ва ғ. қариб 8% ҳудуди Молдавии бешазор аст (булут, момроз, олаш, зайзафун, шунг ва ғ.). Дар водиҳои Днестр ва Прут бешаҳои сафедор, булут, бед ва ғ. низ ҳастанд. Олами ҳайвонот: оҳу, рӯбоҳ, гург, гуроз, қашқалдоқ, бештар аз 70 намуди парранда, аз хояндаҳо юрмон, хаз ва ғ. дучор меоянд. Бо мақсади муҳофизати ландшафти табиии қисми марказии Молдавия куруки «Код­ра» (2,7 ҳазор га) ташкил шуда­аст.

Аҳолӣ. Аҳолии асосӣ — молдавиҳо, инчунин украинҳо, русҳо, гагаузҳо, яҳудиён, булғорҳо ва дигар халқҳо зиндагӣ мекунанд. Аҳолии Молдавии дар солҳои Ҳокимияти Советӣ хеле афзуд. Молдавии аз рӯи зичии миёнаи аҳолӣ (117, 2 нафар дар 1 км2, соли 1979) дар байни республикаҳои иттифоқӣ ҷои аввалро ишғол менамояд. Шаҳрҳои калон: Кишинёв, Тирасполь, Бель­цы, Бейдеры.

Очерки таърихӣ. Қадимтарин осори инсон дар ҳудуди Молдавии ба давраи палсолити поён (бошишгоҳи дуруиторы, ғори Выхватинцы ва ғ.) мансуб аст. Дар давраи палеолити боло қавмҳо пайдо шуданд. Дар ҳамин давра аҳолӣ бо шикору деҳқонӣ ва моҳигирӣ машғул буд. Дар ҳазораҳои 4—3 то м. осори маданияти Триполье (ҳоло деҳаҳои Варваровка, Каракушани Кудна ва ғ.) бисьёр ёфт шудааст. Аз охири ҳазораи 2 то м. гузаштан ба давраи оҳан cap ме­шавад. Асрҳои 4—3 то Молдавии дар ҳудуди Молдавии қабилаҳои фракии гету дакҳо зиндагӣ мекарданд. Дар асри 1 то м. байни гету дакҳо давлати ибтидоии ғуломдорӣ — Дакия ташкил ёфт, ки онро соли 106 то м. римиҳо забт кар­данд. Аз ҳамин вақт процесси романикунонии аҳолии муқимӣ оғоз ёфта, забони лотинӣ нуфуз пайдо карда, асоси забонҳои романии шарқӣ, аз ҷумла забони молдавӣ гардид. Терр. Молдавиии ҳозира ба Дакияи Рим дохил нашуда бошад ҳам, аҳолии он зери таъсири маданияти Рим монда буд. Асрҳои 6—7 славянҳо сокини Балкан, Подунавия ва мавзеъҳои байни д-ҳои Пруту Днестр шуда, дар пешравии ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва этникии аҳолии маҳалдӣ роли калон бозиданд. Дар асрҳои 12—14 дар ҷамъ­ияти валахҳо ташаккули синфҳои феодалон оғоз ёфт, заминдорони ка­лон пайдо шуданд. Ноҳияҳои водии д. Молдоваро дар нимаи 1 асри 14 чингизиён гирифтанд, ки онҳоро феодалони вепгер аз кишвари худ ронда буданд. Дар миёнаи асри 13—нимаи аввали асри 14 Молдавии зери асорати муғулҳо монд ва баъди ронда шудани онҳо гирифтори зулми шоҳи Венгрия гардид. Соли 1359, дар натиҷаи бомуваффақият анҷом ёфтани шӯриши зидди Венгрия, князии мустақили феодалии Молдавии ташкил ёфта, дар як муддати кӯтоҳ замини байни Карпату Днестрро ишғол на­муд. Молдавии соли 1456 бори нахуст ба Туркия хироҷ медод. Ҳоким Стефани III Кабир (1457—1504), ки бо князи бузурги Москва Ивани III Василье­вич иттифоқ баста буд, ба муқобили таҷовузи туркҳо қаҳрамонона мубориза бурд. Вале аввали асри 16 Молдавии комилан тобеи Туркия гардид. Дар асри 16 аксарияти деҳқонони озод ба крепостноӣҳо денчинҳо табдил ёфтанд. Бо амри ҳоким Василе Лупул (1646) крепостнойчигӣ пурра ба расмият дароварда шуд. Деҳқонон ба муқобили зулми феодалию асорати туркҳо мубориза мебурдапд. Дар Молдавии баробари хурӯҷҳои интиқомгирандагони халқӣ — гайдукҳо шӯришҳои деҳқонон ам (слҳои 1490—92,1563,1581, 1671—72 ва ғ.) ба амал меомаданд. Молдавнҳо барои ба муқобили истилогарони аҷнабӣ мубориза бурдан бо      казакҳои украин иттифоқ бастанд. Молдавиҳо дар муборизаи озодихоҳонаи халқи украин бо сардории Богдан Хмельницкий иштирок карданд. Молдавии ба мақсади аз юги туркҳо озод шудан борҳо ба Москва муроҷиат намуда, хоҳиш кард, ки он­ро ба раияи рус қабул кунад (солҳои 1656, 1674, 1683 ва ғ.). Соли 1711 ҳоким Дмитрий Кантемир дар бораи ба раияи рус дохил шудани Молдавии бо Пётри I шартнома баст. Аммо дар натиҷаи юриши Прутин соли 1711 туркҳо аз мамлакат ронда нашуданд. Баръакс, дар мамлакат режими фанариҳо барқаpop гардид (ашрофони турк ва юнониҳои бои маҳаллии аслан аз Фанари назди Қустантапия ҳоким таъин мешуданд). Деҳқонон дар натиҷаи афзудани вазни қиёсии рентаи марказонидашуда (ҳамчун андоз дода мешуд) озодии шахсӣ (соли 1749) ба даст оварданд. Вале онҳо ба ҷойҳои истиқоматӣ вобаста буданд ва андоз медоданд. Аҳолии Молдавии дар симои Россия қувваи тавоноеро дид, ки кишварашро аз ҳукми Туркия озод карда метавонад. Аз ин рӯ, дар ҷангҳои асри 18 ва аввали асри 19 байни Россияи) Туркия фаъолона иштирок кард. Ҳазорон ихтиёриёни Молдавии дар сафҳои қӯшунҳои рус ҷангиданд. Мувофиқи шартномаи Ясса соли 1791 қисми соҳили чапи Днестрн Молдавии ба Россия гузашт ва мувофиқи сулҳномаи соли 1812 Бухарест ноҳияҳои байни дарёҳои Прут ва Днестр аз юги туркҳо озод гашта, ба сифати вилояти Бессара­бия (аз соли 1879 губерния) ба Россия дамрод карда шуд. Ин дамродшавӣ дар тақдири таърихии халқи Молдавии таъ­сири бузурги прогрессивӣ гузошт. Суръати тараққиёти иқтисодиёти мамлакат баланд шуд, маданияти пешқадами рус таъсири калон расонд; табақаҳои пешқадами ҷамъиятии Молдавии ба ҳаракати революционии Россия ҳамроҳ шуданд. Соли 1897 шумораи аҳолӣ аз 240 000 нафар, соли 1812 то 1935,5 ҳазор афзуд. Ба туфайли ислоҳоти деҳқонии солҳои 1861—75 дар Бессарабия муносибатҳои капи­талистӣ инкишоф ёфт. Вале дар кишвар саноат суст тараққӣ мекард ва чун пешина ҳунармандию косибӣ афзалият дошт. Дар Молдавии ҳаракати деҳқнон авҷ гирифт. Танҳо солҳои 1870—71 тақрибан 70 ошӯби деҳқонон сар зада буд. Бе ҳаракати ҷамъиятии Молдавии таъсири декабристҳо хеле калон аст. Дар Кишинёв шӯъбаи Ҷамъиятии ҷанубии декабристон амал мекард. Дар миёнаи солҳои 70 аввлин маҳфилҳои халқчиёи пайдо шуданд. Аз халқчиёни маҳаллӣ И. Кодряну, Ф. Дениш, Д. Фруизо ва дигар маҳсулоти саноат нисбат ба соли 1913 ҳам хӯрда истодааст. Дараҷаи некуаҳволии меҳнаткашон баланд мегарданд. Миллати буржуазии молдав ташаккул ёфт. Охири асри 19—ибтидои асри 20 аввалин маҳфрилҳои марксистӣ пайдо шуданд. Соли 1902 дар Кишинёв матбааи махфии г. «Искра» кор мекард. Солреволюцияи якуми рус дар кишвар митинг, намоиш, корпартоиҳои бисьёр cap заданд. Роҳиоҳанчиёни Бндеры ба аломати ҳамраъйӣ декабрии соли 19905  Москва корпартоӣ эълон карданд. Дар Кишинёв намоиши бисьёрҳазорнафара ­ба амал омад, ки онро полиция тирборон кард. Ошӯбҳои деҳқонон беш аз 170 деҳаро фаро гирифтанд. Солҳои Ҷанги якуми ҷаҳонӣ ҳаҷми маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва саноат кам шуд. Баъди Револютсияи буржуазӣ-демократии февраль дар Бендеры, Тираспол, Кишивёв ва дигар шаҳрҳои Молдавии Советҳо ташкил ёфтанд. Аммо дар Советҳо созишгарону миллатчиёни буржуазӣ афзалият доштанд. Большевикони Молдавии, ки пештар (бо меньшевнкон) ба ташкилотҳои муттаҳидаи РСДРП дохил буданд, сентябр— декабр 1917 дар Кишинёв, Бендеры, Тирасполь, Унгены ва Бричаны ташкилотҳои мустақили большевикӣ барпо карданд. Ноябр— декабри 1917 дар бисьёр шаҳру деҳаҳо Ҳокимияти Советӣ пойдор гардид. Роҳбарони контрреволюционии «Сфатул цария» («Шӯрои мамлакат») барои ба мукобили Ҳокимияти Советӣ мубориза бурдан аз давлатҳои Ғapб, ки Бессарабияро дар интервенцияи эиддисоветӣ истеҳком мепиндоштанд, авҷ гирифт. мадад пурсиданд. Декабри 1918 қӯшунҳои Румынияи подшоҳӣ бо ёрии Антаита ба Бессарабия зада даромаанд. Вале, сарфи назар аз ин, 1(14) январи 1918 дар Кишинёв Ҳокимияти            Советӣ барқарор гашт. Ибтидои январи 1918 Ҳокимияти Советӣ дар тамоми кишвар ғалаба кард. Ддр мубориза баҳри ғалабаи Советҳо дар М. Е. М. Венедиктов, Я. Д. Мелешин, Г. И. Котовский, Ф. Я. Левеизон, А. Г. Паладий ва дигар хеле хизмат карданд. Румынияи подшоҳӣ таҷовузи зидди советиро ривоҷ дода, миёнаи марти 1918 тамоми Бессарабияро ишғол намуд ва эътирози Хукумати Советӣ ва аҳолии маҳаллиро ба инобат нагирифта, онро зӯран ба терр. Худ районҳои соҳили рости республика Молдовии дар ҳайати РССУ ташкилоти ҳамроҳ кард. Феврали 1920 районҳои соҳили чапи Днестри Молдовия аз гвардиячиёни сафеди аксулинқилобӣ озод карда шуданд. Бессарабия зери ҳукмронии Румынияи буржуазӣ монд. 12 октябр дар рафти ба амал татбиқшавии лени илмӣ дар соҳили чапи Днестр РАСС Молдавии ташкил гардид. Дар панҷсолаҳои пеш аз ҷанг ҷиҳозонида шуда, корхонаҳои нав қомат рост карданд. Соли 1940 ҳаҷми маҳсулоти саноат нисбат ба соли 1913 33 маротиба афзуд. Дар республика револютсияи маъданӣ ба амал омада, процеси ташаккулёбии миллати сотсиалистии Молдав сар шуд. Дар айни ҳол аҳолии Бессарабия зери зулми иҷтимоӣ ва миллӣ буд. соли 1935 бештар аз ¼ қисми корхонаҳои калони саноатӣ расман баста шуданд. Вазъияти хоҷагии қишлоқ бадтар мешуд. Меҳнаткашони Бессарабия зери роҳбарии коммунистон ба муқобили истилогарон собитқадамона мубориза бурданд. Шӯришҳои Бендеры (соли 1919) Хотинъ 1919 Татарбунары (1924) ба ин шаҳодат медиҳад. Дар кишвар коммунистон пинҳонӣ амал мекарданд. СССР барои озодии Бессарабия, инчунин ба Ватани Советӣ мутттаҳид намудани он мунтазам ва собитқадамона мубориза мебурд. Ҳукумати Советӣ дар нотаи худ (аз 26 июни 1940) аз Румыния талаб намуд, ки Бессарабияи забтшударо ба СССР баргадонад. Румыния ин талабро иҷро кард. 28 июни 1940 Бессарабия озод карда шуд. Дар Ҳокимияти Советӣ барқарор гардид. Сессияи ҳафтуми Совети Олиии СССР дар бораи ташкили СССР Молдавии қонун қабул кард, ки мувофиқи он 6 узви Бессарабия ба ҳайати РСС Молдавия дохил шуданд. Феврали соли 1946 Совети Олии РСС Молдавии Конститутсияи РСС Молавииро қабул кард. Молдовиро дар ибтидои Ҷанги Бузурги Ватанаӣ қӯшунҳои немису румын ишғол карданд. фашистони немису румын ҳокимияти помешикону капиталистиро барқарор намуданд. Дар ҳудуди ишғолгардида Ҳаракати халқии Муқобилат авҷ гирифт. Қисмҳои партизании молдавиҳо дар ҳудуди Украина ва соли 1944 дар Молавии ба амал карданд. садҳо ҳазор нафар молдавиҳо дар сафҳои Армияи Советӣ ҷангиданд: 85 ҳазор нафар бо ордену медалҳо мукофотонида шуданд, ба 16 кас номи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ дода шуд. Тамоми республика августи 1944 озод гардид. Фашистон дар солҳои истило беш аз 64 ҳазор нафар аҳолиро куштанд: 47 ҳазор нафарро зӯран ба Германия бурданд, зиёда аз 1000 корхонаи саноатӣ қариб нисфи хонаҳои истиқоматирол хароб карданд. Бо ёрии бародаронаи ҳамаи республикаҳои советӣ хоҷагии халқи Молавии аз нав барқарор карда шуд. То оихири соли 1950 дар районҳои соҳили рости республика коллективонии хоҷагии халқ асосан ба охир расид. Солҳои 50-60 дар Молдавии баробари тараққиёти саноати хӯрокворӣ соҳаҳои нави индустрияи социалистӣ (мошинсозӣ, асбобсозӣ, энергетика, ва ғ) барпо гпрдиданд. Дар натиҷаи индустриякунонии сотсиалистӣ қафомонии иқтисодии Молдавии барҳам хӯрд. Синфи коргар ба камол расид. Агар соли 1970 шумораи он 675 ҳазорнафар расид. Фарқи байни шаҳру деҳот то рафт барҳам хӯрда истодааст. Дараҷаи накӯаҳволии меҳнаткашон баланд мегардад. Фақат соли 1978 дар шаҳру деҳот 1396 м манзилгоҳ ба истифода дода шуд. Сохтмони маданӣ бомуваффақият давом дорад. Дар миёнаи солҳои 50 бнсаводӣ маҳв гардид.дараҷаи маълумоти умумии аҳолӣ баланд шуд. Соли таҳсили 1978-79ба ҳар 10, 000 аҳолӣ 125 студентони мактабҳои олӣ 151 хонандагони мактабҳои миёнаи махсус рост меомад. Дар Молдавии АФ РСС Молдавии мактабҳои олию театрҳои нав ва ғ ташкил ва кушода шуданд. Ташкилотҳои партиявӣ доир ба тарбияи коммунистии оммаи васеи меҳнаткашон кори зиёдеро анҷом медиҳанд. Маданияти шаклаи миллию мазмуни сотсиалистии халқи Молдав бомуваффақият инкишоф меёбад. Дар рафти сохтмони сотсиалистӣ ташаккули миллати сотсиалистии молдав ба охир расид. Рнспублика, ки бо ордени Ленин (1958). Револютсияи октябр (1974) Дӯстии Халқҳо (1972) мукофотонида шудааст.

Партияи коммунистӣ, комсомол, иттифоқҳои касаба. Аввали маҳфилҳои гурӯҳҳои сотсиал-демократдар Молдавии охири асри 19 аввали асри 20 пайдо шуданд. Дар Кишинёв соли 1902 Комитети РСДРПташкил гардид. Дар тарбияи револютсионии коргарони Молдавии ва таъсиси ташкилотҳои с.- д. бадарғашудагони сиёсии Петербург ва дигар марказҳои пролетарӣ, инчунин аввалин дар Руссия матбаааи пинҳонии газетаи ленинии «Искра» дар Кишинёф, к ибо ташаббус ва зери роҳбарии В. И. Ленин барпо шуда буд, роли муҳим бозиданд. Болшевикони Молдавии дар давраи револютсияи якуми солҳои 1905-1907 ба муборизаи меҳнаткашони кишвар ба муқобили мутлақият сарварӣ намуда, иттифоқи ҷанговаронаи синфи коргару деҳқонро мустаҳкам мекарданд, дар байни солдатҳо кори револютсионӣ мебурданд. Болшевикони Молдавии баъди сарнагун кардани мутлақият барои дар кишвар пойдор намудани Ҳокимияти Советӣ ва пеш кардани таҷовузкорони румы, мубориза бурданд. Феврали 1919 ташкилотҳои коммунистӣ Бессарабия дар ташкилоти РКП (б) Бессарабия муттаҳид карда шуданд, ки баъдтар (соли 1922) муваққатан ба ҳайати Партияи Коммунистии Румыния дохил гардиданд. Октябри 1924 баробари ташкили РАСС, Молдовии дар ҳайати РССУ ташкилоти партиявии вилоятии Молдавии таъсис карда шуд. КМ ВКП (б) 14 августи 1940 баъди аз юги таҷовузкорони Румыния озод гардидани Бессарабия ва ташкил ёфтани РСС Молдавии ташкилоти партиявии вилоятии Молдавииро ба ПК (б) Молдавии табдил дод. ПК (б) Молдавии аз рӯзҳои аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ муборизаи меҳнаткашони респуб­ликаро ба муқобили фашистони истилогар ташкил намуд. Ҳазорон коммунистони Молдавии ба армияи амалкунанда, полки коммунистии Кишинёв, батальонҳои қиркунанда ва фидоиёни халқӣ сафарбар шуданд. Дар ақибгоҳи душман ҳаракати партизанӣ ва пинҳонкории ватаниарварӣ авҷ гирифта, маркази пинҳонкории партиявии республикавӣ ташкил карда шуд. ПК (б) Молдавии дар давраи баъди ҷанг муборизаи халқи молдавро баҳри барқарор кардани хоҷагии халқ индустрикунонӣ, тараққиёти минбаъдаи иқтисодиёт ва маданияти республика ташкил намуд. Аввалин ташкилотҳои революционии ҷавонони Молдавии дар давраи тайёрии Револютсияи Кабири Социалистии Октябрь пайдо ва соли 1918 ташкилотҳои Иттифоқи коммунистии ҷавонон таъсис шуданд. Комсомоли республика дар ҳамаи давраҳои муборизаи муқобили душманони Ҳокимияти Советӣ барои сохтмони осоиштаи социализм ба ПК Молдавии фаъолона ёрдам кард. Ҳазорон комсомолон баробари cap шудани Ҷанги Бузур­ги Ватанӣ ба фронт рафтанд. Он­ҳо дар ҳудуди ишғолшудаи респуб­лика пинҳонкорона ва дар сафҳои дастаҳои партизанӣ ба муқобили истилогарони немису румын қаҳрамонона мубориза бурданд. Дар солҳои панҷсолаҳои баъди ҷанг ком­сомоли Молдавии дар барқарор намудан ва минбаъд тараққӣ додани хоҷагии халқ ва маданияти республика фаъ­олона иштирок кард. ЛКСМ Молдавии бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонида шудааст (1975).

Ҳаракати иттифоқҳои касаба охири асри 19 — ибтидои асри 20 ривоҷ ёфт. Дар солҳои Револютсияи 1905—07 хеле авҷ гирифт.

Соли  1925 Совети вилоятӣ ва соли 1948 Со­вети республикавии иттифоқҳои ка­саба интихоб карда шуд.

1 январи 1980 ПК Молдавия 150349 аъзо, ЛКСМ Молд. 564012 ва Иттифоқҳои касабаи Молдавия 1936925 аъзо дошт.

Хоҷагии халқ. Молдавия дар солҳои Ҳо­кимияти Советӣ аз ноҳияи хоҷагии қишлоқи қафомонда ва саноаташ суст тараққикарда, ки дорои корхонаҳои хурди нимкосибӣ буд, ба республикаи аг­рарию индустриалии соҳиби саноа­ти калони социалистӣ ва хоҷагии қишлоқи пешқадами сермаҳсул табдил ёфт. Молдавия дар тақсимоти умумииттифоқии меҳнат яке аз районҳои муҳими то­ку боғдорӣ, парвариши мева, ҷуворимакка, офтобпараст, лаблабуи қанд, сабзавот, тамоку, растаниҳои равғани эфирдор, истеҳсоли шароб, консерв, равғани растанӣ, шакар, равғани эфир мебошад. Дар солҳои Ҳокимияти Советӣ Молдавия ба республи­каи серсоҳаи саноатӣ табдил ёфт. Баробари тараққиёти соҳаҳои саноа­ти хӯрокворӣ, соҳаҳои электроэнер­гетика, мошинсозӣ, асбобсозӣ, элект­ротехника, химия, цемент, бофандагӣ, консерв ва дигар соҳаҳои саноат ба вуҷуд омаданд. Соли 1980 стансияҳои электрӣ 15585 млн кВт с қувваи электр истеҳсол карданд. Саноати хӯрокворӣ — coҳaи асосии саноат. Соҳаҳои истеҳсолкунандаи вино, консерв, шакар, равған, тамоку, равғани эфир- тараққӣ кардаанд. Виною коньяки Молдавия дар конкурсҳои байналхалқӣ бештар аз 100 медаль гирифтанд. Саноати пуриқтидори консерв барпо шудааст, ки зиёда аз 100 номгӯи консерви мева ва сабзавот ис­теҳсол мекунад. Саноати мошинсозӣ ва коркарди металл, трактор, мошинҳои ҳисоббарорӣ, насосхҳи марказгурез, яхдон, мошинҳои ҷомашӯӣ, муҳаррикҳои электрӣ, мошин­ҳои хоҷагии қишлоқ аппаратҳои электрии пастшиддат, трансформаторҳо, маснуоти кабелӣ ва ғ. истеҳсол мекунанд. Кор­хонаҳои саноати химия: комбинати чарми сунъӣ ва маснуоти резинию техникӣ, заводҳои химиявию биохимиявӣ, таъмири шина, локу ранг ва ғ. мавҷуданд. Саноати масолеҳи бинокорӣ (комбинати цементу шифер, заводи газ, корхонаҳои маснуоти оҳану бетон, шиша, мебел) ҳам тараққӣ кардааст. Корхонаҳои саноати сабук шоҳӣ ва матоъҳои пахтагин, трикотаж, матои пашмин, пойафзол, қолин ва ғ. истеҳсол мекунанд. Xоҷагии қишлоқ дар асо­си концентрация ва махсусгардонӣ дар заминаи кооперацияи байнихоҷагӣ ва интеграцияи аграрию саноатӣ, барпо намудани корхонаҳои махсусгардонидашудаи байнихоҷагӣ ва аграрию саноатӣ, иттиҳодияҳои истеҳсолӣ ва илмию истеҳсолӣ рӯ ба тараққист. Аввали соли 1978 хоҷагии қишлоқи Молдавия 7,1 ҳазор трактор, 3,3 ҳазор комбайни ғалладарав, 3,4 ҳазор автомобили боркаш гирифт. Саршумори чорво (ба ҳисо­би ҳазор cap, 1980): гов —1175,0 (аз ҷумла модагов — 434,6); хук—1969,1, гӯсфанду буз —1176,2. Дарозии роҳи оҳан —1,11 ҳазор км; роҳҳои автомобилгард — 32,1 ҳазор км.

Нигаҳдории тандурустӣ. Соли 1978 ба ҳар 1000 нафар аҳолӣ 20,1 таваллуд ва 9,8 фавт рост меомад. Касалиҳои вараҷа, шилпук,, пол помелит барҳам хӯрданд. Соли 1978 дар М олдавия 339 муассисаи табобатии дорои 42,0 ҳазор кат (116,6 кат ба 10.000 аҳолӣ) мавҷуд буд. Ба аҳолӣ 513 муассисаи амбула­торию поликлиникӣ ёрии тиббӣ расонданд. Соли 1978 дар республика 221 консултацияҳои занона ва поликлиникаи бачагона кор мекард, станцияҳои эпидемпологии санитарӣ ва ғ. буд. Соли 1978 дар муассисаҳои табобатию пешгирии касалиҳо 11,6 ҳазор нафар духтур ва 35,3 ҳазор коркуни тиббии дорои маълумоти миёнаи махсус хизмат мекарданд. Кадрҳо дар Институти тиббии Кишинёв ва 7 омӯзишгоҳи тиббӣ тайёр карда мешаванд.

3 институти тадқиқоти илмӣ (онкология, сил, гигиена ва эпидемиология) кор мекард. Соли 1978 дар М олдавия 13 санатория буд.

Маорифи халқ, муассисаҳои илмӣ ва маданӣ. Соли таҳсили 1914/15 дар ҳудуди ҳозираи Молдавия 1314 мактаби маълумоти умумӣ буд. Дар мактабҳои ибтидоӣ фақат 20% бачагони синни мактабӣ таҳсил мекарданд. Барои фарзандони коргарону деҳқонон мактаби миёна дастнорас буд. Баъди Револютсияи Кабири Социалистии Октябрь барои халқи молдав роҳи васеи инкишофи маданӣ кушода шуд. Таълим ба забони модарӣ авҷ гирифт. Дар РАСС Молдавия масъалаи маълумоти умумии ҳафтсола то соли 1938 асосан ҳал гар­дид. Аммо вазъият дар Бессарабияи Румынияи подшоҳӣ тамоман дигар буд. Дар ин ҷо аксарияти бачаҳо таҳсил намекарданд ва 85% аҳолӣ бесавод буд. Таълим ба забони мода­рӣ манъ карда шуда буд. Соли таҳсили 1940/41, баъди ба СССР ҳамроҳ шудани Бессарабия ва ташкил шуда­ни РСС Молдавия дар республика 1864 мактаб, 22 мактаби миёнаи махсус, 6 мактаби олӣ кор мекард. Истилогарон дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ бештар аз 600 мактабро вайрон карданд ва сӯзонданд, таҷҳизоти мактабҳоро ғорат намуданд. Баъди аз юри фашистон озод гаштани Молдавия аз нав барқарор кардан ва сохтани мактабҳо авҷ гирифт. Бесаводии аҳо­лии калонсол солҳои 50 барҳам хурд. Молдавия соли 1975 1641 муассисаи томактабӣ дошт, ки дар онҳо 168,1 ҳазор нафар, дар 1018 муассисаи мавсимии томактабии деҳаҳо 87,3 ҳазор нафар бачагон тарбия мегирифтанд. Соли таҳсили 19781/79 дар 1,9 ҳазор мактаби маълумоти умумӣ 0,7 млн талаба таҳсил мекард; дар республика гузариш ба таълими умумии миёнаи пурра ба анҷом расид. Дар 8 мактаби олӣ соли таҳсили 1978/79 49,2 ҳазор донишҷӯй ва дар 49 мактаби миёнаи махсус 59, 7 ҳазор талаба таҳсил мекард. Шумораи коркунони илмии Молдавия соли 1978 зиёда аз 8 ҳазор нафар буд (0,3 ҳазор доктор ва 3,3 ҳазор номзади илм). АФ РСС Молдавия маркази роҳбарикунандаи илм аст, ки соли 1961 ташкил ёф­тааст. Дар охири соли 1978 дар Молдавия 2 ҳазор китобхонаи оммавӣ (фонди умумиаш 22,5 млн китобу журнал) мавҷуд буд, ки калонтаринашон инҳоанд: Китобхонаи давлатии РСС Молдавия ба номи Н. К. Крупская, китобхонаи АФ РСС Молдавия ва Университети Кишинёв; 41 музей, аз ҷумла Музеи давлатии таърихӣ-кишваршиносии РСС Молд., Музеи таърихи Партияи Коммунис­тии М., Музеи давлатии бадеии РСС Молдавия, Музеи республикавии ёдгории Г. И. Котовскии ва С. Лазо, Хона-музеи А. С. Пушкин ва ғ.; соли 1978 дар М. 1,9 ҳазор клуб буд.

Матбуот, радиошунавонӣ ва телевизион. Дар Молдавия (соли 1978) 163 номгӯй газета нашр мешуд, ки шумораи якрӯзаи онҳо 1954 ҳазор нусха, аз ҷумла ба забони молдавӣ 70 газета мебаромад, ки шумораи якрӯзаашон 1197 ҳазор нусхаро ташкил медиҳад. Газҳои республикаи молдавӣ инҳоанд: «Молдова сотсиалистӣ» («Молдавияи социалистӣ», аз соли 1924), «Вя­ца сатулуй» («Ҳаёти деҳот», аз 1945), «Тинеримя Молдовой» («Ҷавонони Молдавия», аз 1928), «Тынэрул ле­нинист» («Ленинчии ҷавон», аз 1941); чунин нашрияҳо ба забони русӣ мебароянд: «Советская Молда­вия» («Молдавияи советӣ», аз 1925), «Молодежь Молдавии» («Ҷавонони Молдавия», аз 1940), «Юный левинец» («Ленинчии ҷавон», аз 1941) ва ғ. Журналҳои оммавӣ-сиёсӣ, бадеӣ, илмӣ, техникӣ, ҳаҷвӣ ва ғ. низ чоп мешаванд. Дар Кишинёв Агентии информационии РСС Молдавия мавҷуд аст. Нахустин радиошунавонӣ соли 1930 дар Тирасполь cap шуда буд. Барномаҳои телевизион аз соли 1958 инҷониб намоиш дода меша­ванд.

Адабиёт. Адабиёти хаттӣ дар зами­наи эҷодиёти бои даҳанакии халқ: вазми мавсимию маросимӣ («Плугушорул»), афсона, достонҳои қаҳрамонӣ («Аждаҳо», «Баҳодур Груя Грозован» «Кодряну»); ривоят, сурудҳои лирикӣ-дойнаҳо ва ғ. ташаккул ёфтааст. Достони «Миорица» асари барҷастаи назми лирикию эпикии халқи молдав мебошад. Аввалин осори хаттӣ дар Молдавия асри 10 дар таҳрири Молдавии забони калисоӣ-славянӣ, ки он то асри 17 забони расмӣ ба ҳисоб мерафт, пайдо шудаанд. Адабиёти динию таърихӣ («Ҳаёти авлиё Иоанни Нав», вазъҳои Гр. Цамблак, солномаҳои бемуаллиф) ба ин забон офарида шудааст. Аввалин китоби чопии молдавӣ «Казания» (шарҳи Инҷил) соли 1643 чоп шуд, ки муаллифаш митрополит Варлаам буд. Дар асри 17 солноманависҳои барҷастаи молдав Григорий Уреке, Мирон Кос­тин, Ион Некулче асарҳои худро таълиф намуданд. Дар инкишофи маданияти ватании асрҳои 17—18 Ни­колай Милеску (Спафарии), ки солҳои 1675—78 сардори сафоратхонаи Россияи подшоҳӣ дар Литой буда, китобҳои «Сафарнома», «Тасвироти Хи­той» ва ғ. аз таълифоти ӯст, саҳми калон гузоштааст. Олими комуснигор, нависандаи инсонпарвар ва арбоби намоёни давлатии Молдавия ва Рос­сия Дмитрий Кантемир (падари шоири рус А. Д. Кантемир) ходими барҷастаи маданияту адабиёти асри 18 Молдавия буд. Зулму истибдоди 300-солаи туркҳо (асрҳои 15—18) ба инкишофи маданияту адабиёти хоси молдав халал расонд. Соли 1812 ба Россия ҳамроҳ шудани Бессарабия ба тараққиёти иқтисодию мадании кишвар мусоидат кард. Паҳн шудани ғояҳои революционии декабристҳо, ба Кишинёв омадани А. С. Пушкин (солҳои 1821— 24) ба инкишофи адабиёти молдав низ таъсири самарабахш гузошт. Саҳми А. Хыждеу, К. Стамати, Г. Асаки, А. Доиич ва дигар дар тараққёти адабиёти нимаи аввали асри 19 молдав хело калон аст. Шеърҳои иҷтимоию мазҳакаҳои ҳаҷвии В. Александр»!, назми реалистонаи К. Негруцци, рисолаҳои публицистию бадеӣ-танқидии А. Руссо, М. Когэлничану, асарҳои таърихӣ ва филологии Б. П. Хашдеу ва дигар ганҷинаи адабиёти классикии асри 19 молдавро ташкил доданд. Эҷодиёти намояндаи бузурги романтизми баъдинаи Европа М. Эминеску муваффақияти барҷастаи адабиёти асри 19 молдав ва румын ба ҳисоб меравад. Дар охири асри 19 ва аввали асри 20 нависандагон В. Крэсеску, 3. Ралли- Арборе ва дигар асарҳои худро офариданд. Шоирон А. Матеевич, Т. Роман дар бораи тақдири халқ, асарҳо навиштаанд. Ҳаёт ва эҷодиёти даҳана­кии халқи молдав ба

Горький, В. Короленко, М. Коцюбинский ва дигар нависандагоне, ки дар Молдавия буданд илҳоми эҷодӣ бахшиданд. Револютсияи Кабири Социалистии Октябрь барои инкишофи мада­нияти миллии ҳамаи халқҳои ватани мо, аз ҷумла халқи молдав, шароити мусоиди иқтисодӣ ва иҷтимоиро муҳаиё кард.

Дар солҳои пеш аз ҷанг бисьёр шеъру достонҳои Е. Буков ва Н. Лупан чоп шуданд. Дар солҳои ҷанг адибони Молдавия ярок, ба даст гирифта, зидди фашистон ҷангиданд, халқро ба муборизаи зидди душман ташвиқу тарғиб карданд. Очерку мақолаву ашъори Буков, Истру, Лупан, Менюк дар ин солҳо аа мавзӯи ҳифзи Ватан моломол буд. Пас аз ҷанг достонҳои калони Буков —«Андриеш» (1946) ва «Кишвари ман» (1947); Н. Лупан — «Деҳаи гумном» (1940) ва «Рӯбарӯ» (1945) ва бисёр дигар асарҳои Истру, Менюк, Деляну ва Крученюк чоп шу­данд. Дар солҳои 60—70 низ дар ада­биёти Молдавия хеле пешрафту комёбиҳо ба даст омад—романи Чобану «Купрукҳо», романи Друцэ «Достонҳои дашт», маҷмӯаи ашъори Буков «Имрӯзу фардо», ашъори Лупан «Қонуни меҳмоннавозӣ» ва ғ. чоп шуданд. Соли 1979 ба муносибати 70-солагиаш ба Ем. Бу­ков номи Қаҳрамони Меҳнати Соци­алистӣ дода шуд. Соли 1974 романи В. Малева «Синни нуқра», романҳои В. Бешлягэ «Игнат ва Анна», «Дард», Д. Машковский «Тирамоҳи кабӯтаро­ни сафед», маҷмӯаи ашъори Е. Буков «Вусъатя» Б. Истру «Достонҳо», В. Фи­лип «Диапазон», А. Рошка «Ҳамроҳи туям, кишвари тусон» ва ғ. чоп шу­данд. Аз адабиёти Молдавия ба забони тоҷикӣ соли 1960 шеъри Е. Буков «Парторг» (ж. Садои Шарқ, № 4, мутарҷим М. Шералиев) ва соли 1962 «Афсонаҳои халқи молдав» баромадааст, ки тарҷумони он X. Рахматуллоев мебошад.

Меъморӣ ва санъати тасвирӣ. Дар ҳудуди Молдавия ёдгориҳои мадании Тринолье (ҳазораи 3 — ибтидои ҳазораи 2 то м.) ва Черняхов (асрҳои 2—4 м.)— инчунин қабилаҳои славян (асри 6 м.) ёфт шудаанд. Аз нимаи асри 14 сохтмони шаҳрҳои қалъаю работдор расм мешавад. Ҷои истеҳкомҳои похсагину тахтагинро истеҳкомҳои сангин мегиранд. Дар асри 16 дар шаҳрҳои Сорокию Бендеры ва Каушаны дайру истеҳкомҳои манораҳояш баланду мустаҳкам сохта мешаванд. Боқимондаи қалъаҳои асрҳои 14—15, ҳаммом ва дигар иморатҳои граждан» дар Старый Орхей ёфт шудаанд. Ҳоло дар Сахарнаю Жабка дайрҳои горни асрҳои 16—17 боқӣ мондаанд. Дар давраи ҳукмронии туркҳо (асрҳои 15—18) бисьёр ёдгориҳои меъмории Молдавия хароб шу­данд. Баъди ба Россия ҳамроҳ шуда­ни Бессарабия (1812) шаҳрҳо тараққӣ карданд ва биноҳо бо сабки клас­сицизм сохта шуда (калисои ҷомеъ дар Кишинёв, солҳои 1830—35, меъмор А. И. Мельников), работҳои якқабатаи бордор кашиданд. Иморатҳои охири асри 19 — аввали асри 20 боқӣ мондаанд. Баъди Револютсияи Кабири Социалистии Октябрь шаҳрҳои РАСС Молдавия обод гардиданд (ансамбли меъморӣ дар Тирасполь, биноҳои театри драма ва институти пе­дагогӣ).

Ёдгориҳои санъати тасвирие, ки дар ҳудуди Молдавия ёфтаанд, ба палеолити сонӣ ва неолит мансубанд. Асбобҳои сафолини Триполье пурнақшунигор буданд. Ороиши фулузӣ, муҷассамаҳои гилин ва биринҷӣ ба ҳазораи 2 то м. мансубанд. Ҳалқаҳо, даспонаҳои тиллою нуқра ба ибтидои ҳазораи 1 м. тааллуқ доранд. Ба санъати нақшунигори амалии асрҳои 13—14 таъсири Византия ва Шарқи мусулмон мушоҳида мешавад. Дастнависҳои асрҳои 15—16 нақшу нигори зиёд доранд. Дар минётурҳои асри 17 бетакаллуфии сабки он ба назар мерасад. Дар калисои Успение (ш. Каушаны) нақшунигори асри 18 бонд мондааст. Қолинҳои асрҳои 18—19 рангоранганд. Дар асри 19 жанри портреткашӣ ривоҷ ёфт. Соли 1887 мактаби расмкашӣ (аз соли 1940 Омӯзишгоҳи республикавии рассомӣ) ташкил шуд. Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар мавзӯи ватандӯстӣ асарҳо эҷод карда шуданд. Мавзӯи асосии санъати давраи баъдиҷангии Молдавияро дигаргунсозиҳои социалистӣ, таъри­хи гузаштаи он ва ҷаҳони маънавии инсон ташкил медоданд. Дар ҳайкалтарошӣ асарҳои И. Дубнновский образҳои шоиронаи дар васфи зан эҷодкардаи К. С. Кобизева, дар рассомӣ асарҳои В. Г. Руссу-Чобану, М. Г. Греку, И. Д. Виеру, Г. В. Саинчук, расмҳои таърихии Л. П. Гриторашенко, манзараҳои маншии И. Д. Жуматий, пейзажҳои А. А. Василь­ев, Э. Л. Романеску, М. П. Петрик; дар графика асарҳои И. Т. Богдеско, Б. Ю. Несведов, Г. Н. Врабие, расмҳои ҳаҷвии Б. Н. Широкорад диққатҷалбкунандаанд. Молдавия ИМ (1945) ва ИР (1945) дорад.

Мусиқӣ. Асоси мусиқии халқии Молдавияро оҳанги хифтмақоми диатоникӣ ташкил медиҳад. Суруди халқи аксараи яковоза аст. Дойна жанри боштар ба мусиқии вокалӣ ва асбобҳои халқии молдавӣ хос мебошад. Мақомҳои рақсии хора, сырба, молдавенеска, батута ва дигар хело зебо ва шӯханд. Дар солҳои Ҳокимияти Советӣ маданияти мусиқии милло хеле пеш рафт. Капеллаи хории «Дойна» (1930), Театри драмаи мусиқӣ (1933), оркестри симфонӣ (1935) ташкил шуданд. Дар Молдавия Театри опера ва балет, филармония (оркестри асбобҳои халқии «Флуераш», ансамбли халқии рақси «Жок», ансамблҳои «Мугурел», «Лэутары», «Зымбет» ва ғ.), ИВ, Институти санъат, 3 омӯзишгоҳи мусиқӣ, мактаб-интернати махсуси мусиқӣ, 50 мактаби мусиқии бачагона кор мекунанд.

Театр. Унсурҳои санъати театрӣ дар расму русум ва бозиҳои қадимаи халқӣ вуҷуд доштанд. Дар давраи феодализм гурӯҳи созандагони дарборию оворагард бо намоишҳои театрӣ баромад мекарданд. Дар асоси анъанаҳои қадима театри халқӣ инкишоф ёфт. Соли 1816 бо роҳбарии маорифпарвар Г. Асаки якумин намоиши театри муосир ба забони молдавӣ баргузор гардид. Драматургон В. Александр, К Негруцци, А. Руссо, М. Когэлннчану ва дигарон дар пойдор гардидани театри касбии молдав роли муҳим бозидаанд. Баъди ба Россия ҳамроҳ шудани Бессарабия дар Кишинёв дастаҳои гуногун ба забонҳои русӣ, украинӣ, франсавӣ ва ғ. баромад мекарданд. Баъди барқарор гардидани Ҳокимияти Советӣ санъати театрии Молдавиҳо равнақ ёфт. Дар РАСС Молд. маҳфилҳои драма хеле зиёд шуданд. Дар асоси онҳо соли 1927 дар ш. Балта дастаи мусиқии драма ташкил ёфт, ки баъдтар ба студияи драма табдил дода шуд (ҳоло Театри академии драмаи мусиқии ба номи А. С. Пушкин дар Кишинёв). Дар Молдавия Театри драмаи русии Кишинёв ба номи А. П. Чехов, Театри республикавии «Лучафэрул», Театри лухтаки «Ликурич», Театри драмаи ба номи

В. Александри дар Бельцы, Театри драмаи русии Тирасполь низ кор мекунанд. Институти санъатн ба номи Г. Муэическуи Кишинёв ва мактабҳои олии Москва барои театрҳои Молдавия кадрҳо тайёр менамоянд.

Кино. Соли 1940 дар Кишинёв пункти доимии мухбири кино ташкил шуд, ки апрели 1952 ба студияи фильмҳои хроникӣ табдил ёфт (аз январи 1957 киностудияи «Молдовафильм»). Дар инкишофи санъати кинои молдав фиристодагони республикаҳои бародарӣ С. Улицкая, Л. Проскуров, М. Израилев, В. Дербенев, В. Лысенкова ва дигарон саҳми арзанда гузоштанд. Таҳиягарону режиссёрҳо Э. Лотяну,

В. Гажиу, В. Иовице, режиссёр, В. Паскару, оператордо В. Чуря, П. Балан. В. Калашников, В. Яковлев устодони намоёни кинои молдав мебошанд. Аз байни фильмҳои истеҳсолӣ, киностудияи «Молдова-филм» «Атаман Кодр» (1958), «Моҳи охирини тирамоҳ» (1965, ду мукофоти байналхалқӣ гирифтааст), «Ба қотилӣ айбдор мешаванд» (1969), «Лаутарҳо» (1971, чор мукофоти байналхалқӣ гирифтааст), «Дмитрий Кантемир» (1973), «Руан дароз» (1974) ва ғ. аз ҷумлаи беҳтарин фильмҳо мебошанд. Студияи кинои «Молдова-фильм» дар сол 6 фильми бадеии пурраметраж ва бештар аз 50 фильми ҳуҷҷатӣ ва илмӣ-оммавӣ истеҳсол мекунад.

Харита дар саҳ. 480—481.

Ад.: История Молдавской ССР, т. 1—2, Кишинёв, 1965—68; История Молдавии. Десументы и материалы, т. 2—5, Кишинёв, 1957—69; Очерки истории Коммунистической партии Молдавии. Кишинев, 1968; Народное хозяйство Молдавской ССР, 1924—74 (Юбилейный стат. сборнни), Кишинёв 1975; История народного хозяйства молдавской ССР, Кишинёв, 1974; Этнография и искусство Молдавии, Кишинёв, 1972; Искусство, Молдавии, Кишинёв, 1974; Очерк истории молдавской советской литературы, М., 1963.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …