Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МОЛАССҲО

МОЛАССҲО

mollashoМОЛАССҲО (аз лот. mollis—-нарм), маҷмӯи ҷинсҳои кӯҳии таҳшинӣ, ки дар рельефи ӯҳӣ пайдо шудаанд ва аз табақаҳои ғафси (то якчанд ҳазор м.) ҷинсҳои террнгенӣ: конгломерат, регсанг, алевролит, гил, гоҳо мергел иборатанд. Азбаски давраи таҳшиншавии Молассҳо бо пайдоиши қаторакӯҳи ҳамшафати он дар як вақт ба вуқӯъ меояд, муайян кардани синни геологии Молассҳо дар муқаррар намудани замон ва муддати ташаккули худи қаторакӯҳ кӯмак мерасонад. Аз паст ба боло тағйир ёфтани таркиб ва дуруштии таҳнишастҳо аз тағйирёбии суръати баландшавии қаторакӯҳ дарак медиҳад; дар арзи уфуқи тағйир ёфтани таркиби гранулометрии Молассҳо бошад, аз куҷо оварда шудани ҷинспораҳоро мефаҳмонад. Ду хел Молассҳо мавҷуд аст: баҳрӣ ва хушкӣ. Молассҳои баҳрӣ дар қаъри баҳрҳои на чандон чуқур, аксар дар лагунаҳо, Молассҳои хушкӣ дар қаъри дарьёю кӯл хос, ки дар ҳамвориҳои наздикӯҳӣ ё пастхамиҳои байникӯҳӣ воқеъ гаштаанд, ҷамъ ме­шаванд. Пайдоиши Молассҳо ба марҳилаи охирини инкишофи геосинклинал рост меояд. Молассҳо дар доманаи қаторакӯҳҳои Алп, Карпат, Кавказ, Тиёншон, По­мир (конгломератҳои Дарвоз) ва дар дигар          системаҳои кӯҳӣ бисёранд. Пайдоиши баъзе конҳои ангишт, нефту газ, регсангҳои мисдор, намак ва ғ. бо Молассҳо вобаста аст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …