Маълумоти охирин
Главная / Илм / МОЛЬ Жуль де

МОЛЬ Жуль де

nophoto-manМОЛЬ Жуль де (1800, Штутгарт — 1876, Парвж), шарқшиноси франсавӣ. Забони форсӣ ва арабиро хуб медонист. Дар Коллеҷи Франция аз забонҳои форсӣ ва арабӣ дарс гуфтааст. Аз соли 1826 то охири умраш Мол бо тарҷумаю нашри «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ машғул буд. Тарҷуман насрии «Шоҳнома», ки ба қалами Мол тааллуқ дорад, солҳои 1830—78 дар ҳашт ҷилд ба табъ расидааст. Достони «Фаридун ва Мавучедр», ки Мол дар шакли китоби алоҳида таҳия карда буд, бори мавҷум соли 1924 нашр гардид. Мол ба адабиёти форс-тоҷик таваҷҷӯҳи хосе дошт ва тавассути тарҷума ва мақолаҳояш эҷодиёти адибони форс-тоҷик (Саъдӣ, Ҷомӣ ва дигро) тарғибу ташвиқ кардааст.

Ш. Мухторов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …