Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МОИСЕЕВ Игорь Александрову

МОИСЕЕВ Игорь Александрову

nophoto-manМОИСЕЕВ Игорь Александрову (таваллуд 21.1.1906, Киев), артисти балет ва балетиейстери советӣ. Артисти Халқии СССР (1953), I Қаҳрамони Медҳнати Социалистӣ (1976). Пас за хатми Омӯзишгоҳи

хореографии Москва (1924)’ солисти дастаи балетми Teaтри Калон (то 11939) – Дар театри мазкур балетҳои «Футболбоз»-и В. А. Оранский (бо ҳамроҳии Л. А. Лащялин, 1930), «Эҳтиёткории беҳуда» И Л. Гертель (бо ҳамроҳии А. М. Мессерер), «Саланбо»-и А. Ф. Аренде (1932), «Се марди рафс»-и В. А. Оравский (1935), «Спар­так»-и А. И. Хачатуря (1958)-ро ба саҳна гузошт. Яке аз асосгузорони рақси халқии саҳнавии советӣ. Соли 1937 Ансамбли ракси халқҳои СССР-ро ташкил кард ва то имрӯз роҳбари бадеии он аст. Моисеев ғайр аз рақсҳои ҷудогона, «Рақсҳои халқҳои СССР» (1937—38), «Рақсҳои халқҳои сла­вян» (1945), рақси «Сулҳу дӯстӣ» (1953)-ро таҳия намудааст. Ҳангоми басаҳнагузории рақсҳо Моисеев тамоми боигарӣ, обраанокӣ ва хусусиятҳои хоси санъати рақси халқҳои гуногунро нигоҳ медорад ва такмил ме­диҳад. Дар заминаи материалҳои фольклорӣ як силсила асарҳои хореографии саҳнавӣ офарид: «Манзараҳои гузашта», «Лавҳаҳои замони со­ветӣ», «Дар мамлакатхҳои ҷаҳон», «Партизанҳо», «Даъватшавандагон», «Вива, Куба!», «Роҳи рақс» ва дигар Моисеев муаллифи як қатор мақолаҳои назариявӣ оид ба масъалаҳои санъати рақси халқист. Лауреати Мукофогҳои давлатии СССР (1942, 1947, 1952) ва ленинӣ (1967). Бо ордени Ленин, 3 ордени дигар ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …