Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МОҲИРИ АКБАРОБОДӢ

МОҲИРИ АКБАРОБОДӢ

nophotoМОҲИРИ АКБАРОБОДӢ Шайх Муҳаммадалӣ (соли таваллуд номаълум — вафот 1678), шоири форсизабони Ҳиндустон. Моҳири Акбарободӣ шахси таҳсилдида ва аз илмҳои зарурии замон бохабар буд. Аз улуму фунуни шоирӣ низ баҳравар гардидааст. Махсусан, ба шеъри Қудсӣ ва Калими Кошонӣ таваҷҷӯҳи зиёде дошт. Дар дарбори ҳукмронони давраш — Дорошукӯҳ ва Оламгир хидмат кардааст, вале баъдтар хидмати дарборро тарк намуда, бо кори эҷодӣ шуғл варзидааст. Мкбарободӣ ғазалу қасида, рубоӣ ва маснавӣ эҷод кардааст, ки намунаи онҳо дар тазкираву манбаъҳои адабӣ ва таърихӣ дарҷ гардидааст. Чунин аст матлаъҳое аз ғазалиёти Мкбарободӣ;

Зоҳиди мо гар ҳарифи бодаву соғар шавад,

Зуҳди сарду хушкаш аз як ҷуръа гарму тар шавад.

* * *

Он ки як нафрини ӯ бо сад дуо мехостам.

Дам агар аз офарин мезад, чиҳо мехостам?!

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …