Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МОҲИЯТ ВА ЗУҲУР

МОҲИЯТ ВА ЗУҲУР

МОҲИЯТ ВА ЗУҲУР, категорияҳои фалсафиеанд, ки ҷиҳатҳои гуногуни ашьё, зинаҳои маърифат, дараҷаи донистани объектро ифода мекунанд. Моҳият робитаҳои муҳим, зарурӣ ва инсоатаи устувори воқеиятро ифода менамояд. Зуҳур ифодаи ҷиҳатҳои махсуси ашьё, хусусиятҳои гузаранда ва мутағайири он мебошад.

Категорияҳои Моҳият ва зуҳур хусусият ё нишонаҳои хос ва муштарак доранд. Моҳият ифодаи робитаи ботинӣ, вале зуҳур ифодаи робитаи берунист. Моҳияти ашьёву падидаро ошкор сохтан — баробари маънидод кардани сабаби пайдоиши объект, кашф намудани қонунҳои инкишоф ва зиддиятҳои махсуси дохилии он аст. Азбаски моҳият нуқтаи асосии робитаи ботинии ҷиҳат ва тарафҳои объект аст, бинобар ин «фикри инсон беинтиҳо чуқур шуда, аз зуҳур ба сӯи моҳият меравад, аз моҳияти, гуфтан мумкин, зинаи якум ба сӯи моҳияти зинаи дуюм меравад ва ҳоказо бепоён ҳамин тавр давом мекунад» (Ленин В. И., Ас., ч» 38, с. 263). Категорияҳои Моҳият ва зуҳур ҳамеша байни якдигар робитаи мутақобила доранд: зуҳур шакли зоҳиршавии моҳият буда, моҳият дар зуҳур ошкор мегардад. Аммо ягонагии Моҳият ва зуҳур маънои онро надорад, ки онҳо ба ҳам зидиятгаранд, зеро «… агар шакли зуҳур ва моҳияти ашьё бевосита як мебуд, пас ҳамагуна илм нолозим мешуд» (Маркс К. и Энгельс Ф., Соч., т. 25, ч. 2, с. 384). Моҳият ва зуҳур характери объективӣ дошта, инкишоф ва тағйир меёбанд.

Маънидоди диалектикию материалистии категорияҳои Моҳият ва зуҳур аз маънидоди идеалистии онҳо ба куллӣ фарқ мекунад. Идеализми субъективӣ (Д. Юм, Ч. Беркли, Э. Мах, Р. Авенариус ва дигарон) на фақат ҳастии объективии ашьё, балки характери объективии моҳияти онҳоро низ инкор мекунад. Идеализми объсктивӣ моҳиятро ҳамчун мабдаи азалии идеалӣ қаламдод карда, онро мутлақ мегардонад. Мас., Афлотун таълим дода аст, ки олами ашьё аз олами идеяҳо таркиб ёфтааст. Олами идеяҳо моҳияти ҳамагуна ҳастӣ буда, ашьё нусхаи тираи олами идеяҳо мебошанд. И. Кант объективияти моҳиятро эътироф кунад ҳам («чизҳо дар худ»), онро даркнашаванда медонист. Ба ақидаи ӯ зуҳур тасаввуроти субъективии моҳият асту бас. Г. Гегель тасаввуроти метафизикии Моҳият ва зуҳурро бартараф карда, мусаллам дошт, ки моҳият зуҳур меёбаду худи зуҳур таҷассуми моҳият аст. Аммо дар диалектикаи идеалистии Гегель зуҳур ҳамчун ифодаи ҳиссию конкретии «идеяи мутлақ» таъбир мешуд. Фалсафаи буржуазии асри 20 категорияҳои Моҳият ва зуҳурро ба таври идеалистӣ шарҳ диҳад: неопозитивизм ва феноменология объективияти моҳиятро рад карда, танҳо зуҳурро воқеӣ медонанд; экзистенциализм ба ҷои категорияи моҳият мафҳуми вуҷудро ҷорӣ менамояд.

Фаҳмиши диалектикию материалистии Моҳият ва зуҳур на фақат бо таълимоти идеалистӣ, балки инчунин ба агиостицизм ва метафизика низ зид аст. Зеро агностицизм ягонагии Моҳият ва зуҳурро рад менамояд. Метафизику бошанд, на фақат ягонагии Моҳият ва зуҳур, балки тағйирёбии онҳоро низ инкор мекунанд. Онҳо Моҳият ва зуҳурро аз ҳам ҷудо карда, фарқи байни онҳоро мутлақ мегардонанд.

Тағйири диалектикию матерпалистии Моҳият ва зуҳур дар илм ва амалия аҳамияти методологӣ дорад.

Ад.: Энгельс Ф., Анти-Дюринг, Д., 1975; Ленин В. И., Материализм ва эмпириокритицизм. Ас., ч. 14; Дафтарҳои философӣ, Ас., ч- 38; Асосҳои фалсафаи марксистӣ-ленинӣ, Д., 1976; Богданов Ю. А., Сущность и явление, Киев, 1962.

Ш. Сотиволдиев.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …