Маълумоти охирин

МОҲИИ РАКЕШ

nophotoМОҲИИ РАКЕШ (8. 1. 1925, Амритсар, Панҷоб — 3. 12. 1972, Деҳлӣ), нависандаи ҳинду. Ба забони ҳиндӣ менавишт. Пас аз хатми Университети Панҷоб муддати даҳ сол (1947—57) дар ҷустуҷӯи кор ба шаҳрҳои Ҳиндустон сафар карда, дар мактабу коллеҷҳои гуногун дарс гуфтааст. Эҷодиёташ соли 1957 оғоз меёбад. Моҳии Ракеш бо ҳикоя, роман ва драмаҳояш шӯҳрат дорад. Муаллифи ҳикояҳои «Абрҳои нав» (1957), «Ҷонвар ва ҷонвар» (1958), «Боз як умри дигар» (1961), романҳои «Хонаҳои дарбастаи торик» (1961), «Фардо, ки ҳеҷ намеояд» (1968). «Фосила» (1971) ва пьесаҳои «Як рӯзи боронгарӣ» (1958), «Дар нимароҳ» (1971). Мавзӯҳои асосии эҷодиёти Моҳии Ракеш тақдири зани ҳинду, масъалаи ҷанг, ихтилофи ҳиндувон ва мусулмонон, дахолати қувваҳои иртҷоии мамлакатҳои капиталистӣ ба корҳои дохилии Ҳиндустон ва ғ. мебошад. Драмаҳои нависанда дар пешрафти театри миллии Ҳиндустон ёрӣ расонидаанд. Асарҳои Моҳии Ракеш ба забонҳои дигари Ҳиндустон ва мамлакатҳои хориҷӣ, аз он ҷумла, ба забони русӣ, қазоқӣ, қиргизӣ, гурҷӣ тарҷума шудаанд.

Ос.: Хозяин пепелища, М . 1961.

Ҳ. Раҷабов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …