Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МОҲИҲОИ ЗИНДАЗО

МОҲИҲОИ ЗИНДАЗО

mohihoi-zindazoМОҲИҲОИ ЗИНДАЗО, моҳиҳоеро гӯянд, ки тухм нагузошта бача мезоянд. Аксари наҳангшаклҳо (наҳанг, скатҳо), баъзе моҳиҳои устухондор (хормоҳии баҳрӣ, гулмоҳӣ ва ғ.) зиндазо мебошанд. Дар ҳамаи Моҳиҳои зиндазо бордоршавӣ дохилӣ аст.

Моҳиҳои зиндазо ду хел мешаванд: Моҳиҳои зиндазо ва тухмзиндазо. Дар Моҳиҳои зиндазо ҷанин дар тухмдон инкишоф меёбад. Ин процесс аз 2—3 ҳафта (мас., дар гӯлмоҳиҳо) то якчанд моҳ (мас., дар наҳанг) давом мекунад. Дар моҳиҳои тухмзиндазо ҷанин дар тухм инкишоф меёбад. Аз Моҳиҳои зиндазо дар аквариумҳо баъзе намуди шохдорҳо (ниг. низ гулмрҳиҳои аквариумӣ) парвариш карда мешаванд. Дар кӯлу обанборҳои Тоҷикистон аз Моҳиҳои зиндазо гамбузия (Gambusia offonis) зиндагӣ мекунад. Гамбузияро ба Тоҷикистон соли 1936 барои маҳви кирминаи пашшаи вараҷа оварда буданд. Дар давоми тобистон гамбузия 6 маротиба ва ҳар дафъа аз 10 то 100 бача мезояд. Пас аз як моҳ моҳибача ба воя расида афзоиш мекунад.

Ад.: Максунов В. А., Промысловые рыбы Таджикистана, Д., 1968; 3ахидов Т. 3. ва диг.. Природа и животный мир Средней Азии, т. 2, Ташкент, 1971.

Е. В. Грищенко.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …