Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МОҲИҲОИ ПАРРОН

МОҲИҲОИ ПАРРОН

mohii-parronМОҲИҲОИ ПАРРОН (Exocoetidae), як оилаи моҳиҳоеро гӯянд, ки ба қатори Beloniformes мансубаст. Дарозии баданашон то 45 см; боли сандуқи дилашон ниҳоят дароз ва васеъ буда, барои дар болои об парвоз кардан мувофиқ шудааст. Моҳиҳои паррон дар ҳаво зиёда аз 100 м дар баландии то 10 м парвоз карда метавонанд. Боли думашон барои дар об ҳаракат кардан хизмат мекунад. 6 ҷинси Моҳиҳои паррон бештар дар обҳои тропикию субтропикии уқёнусҳо паҳн гаштаанд. Дар СССР дар обҳои Шарқи Дур Моҳиҳои паррони дарозболи муқаррарӣ — Exocoetus volitans (ниг. расм) ва японӣ — Cheilopogon heterurus зиндагӣ мекунанд. Fhsoii Моҳиҳои паррон организмҳои планктонии хурд буда, худи Моҳиҳои паррон ғизои аксари моҳиҳои даррандаанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …