Маълумоти охирин
Главная / Илм / МОҲИ СИДЕРӢ

МОҲИ СИДЕРӢ

mohi-sideriМОҲИ СИДЕРӢ (аз лот. sidus — ситора, ҷирми осмонӣ), моҳи ситорагӣ, фосилаи вақтест, ки дар давоми он Моҳ атрофи Заминро аз рӯи мадори геоцеитрӣ нисбат ба ягон ситораи кӯраи осмон як маротиба давр зада мебарояд. Ҳаракати Моҳро дар кӯраи осмон мушоҳида намуда, дар давоми як шаборӯз нисбат ба ситораҳо ба андозаи 13° ба самти Шарқ лағжидаи ва назар ба шаборӯзи пешина ба ҳамон меридиан 50 дак дертар омадани онро муайян кардаанд. Моҳ нисбат ба ситораҳо лас аз 27,32166 шаборӯзи офтобӣ боз ба мавқеи аввалааш меояд. Моҳи сидерӣ аз моҳи синодӣ кӯтоҳтар мебошад: Ниг. Моҳи синодӣ.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …