Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / МОҲАНДАРЬЁ

МОҲАНДАРЬЁ

bukhoroМОҲАНДАРЬЁ, манҷрон хушкидаи дарьёест дар вилояти Бухоро, ки дар атрофи он ёдгориҳои археологӣ ёфт шудаанд. Дарозиаш 58 км, бараш 25—250 м. Дар давраҳои қадим оби он аз деҳаи Яккатут ибтидо гирифта: ба д. Аму ҷорӣ мешудааст. Солҳои 1950—64 дар Моҳандарё экспедицияи археологӣ таҳти роҳбарии академик АФ РСС Ӯзбекситон Я. Ғ. Ғуломов ҳифриёт гузаронд. Солҳои 1960—61 ва 1963 дар атрофи кӯлҳои Лухликӯл ва Эчкиқирон 2 ёдгории мансуб ба давраи неолит (ҳазораи 4—3 то м.), инчунин дар атрофи Замонбобо ва Кичиктузкон (ҳазораи 2 то м.) зиёда аз 20 ёдгории давpaи биринҷӣ ёфт шуд. Мувофиқи маълумоти археологӣ дар ҳазораи 4—3 то м. д. Зарафшон ба воситаи Моҳандарё ба д. Aмy мерехтааст. Дар натиҷаи аз д. Зарафшон ба воситаи каналҳо ба заминҳо баровардани об Моҳандарёи қадима хушк шудааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …