Маълумоти охирин

МОҲ

mohМОҲ, Қамар, ягона радифи табиии Замин ва наздиктарин ҷирми осмонӣ. Аломати астрономиаш Г ,Дар «Китоб-ут-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ.

Қонуниятҳои ҳаракати Моҳ аз замонҳои қадим ин ҷониб омӯхта мешаванд. Аз аҳди Птолемей (Батлимус) cap карда дар ин боб чандин назариёти математикии астрономӣ ташаккул ёфтаанд. Аз ҷумла дар тамаддуни Аҷам аз тарафи Насируддини Тӯсӣ (асри 13) доир ба қонуниятҳои ҳаракати Моҳ назариёти мураттабе таҳия шуда буд, сонитар аз ҷониби Қутбуддини Шерозӣ ва махсусан Ибни Шотир мавриди такомул қарор гирифт. Назарияи ҳозиразамони ҳаракати Моҳ дар давраи Коперник ташаккул ёфтааст. Моҳ дар атрофи Замин ба ҳисоби миёна бо суръати 1,02 км/сон аз рӯи мадоре, ки шаклан ба эллипс монанд аст, чун аксари ҷирмҳои системаи Офтоб муқобили самти ҳаракати акрабакисоат (агар ба мадори Моҳ аз тарафи Қутби Шимолии дуньё нигоҳ кунем) ҳаракат мекунад. Масофаи байни Замину Моҳ андаряк ба 384400 км, параллакси экватории горизонталиаш ба 57’2#/, 2 баробаранд. Эксцентриситети мадори Моҳ ба 0,0549 баробар аст. Даври гардиши Моҳ дар атрофи Замин (моҳи сидерӣ) 27,32166 шаборӯзро ташкил мекунад. Ҳаракати Моҳ дар атрофи Замин басо мураккаб буда, аз душвортарин масъалаҳои механикаи осмонӣ ба шумор меравад. Мадори Моҳ ба эклиптика ба андозаи 5°8’43” моил аст. Нуқтаҳои буриши мадори Моҳ бо эклиптика, ки гиреҳҳои фароз ва нишеб ном доранд, ҳаракати номунтазами ақибнокиро дорост ва қад-қади эклиптика дар давоми 6794 шаборӯз (тақрибан 18,6 сол) пурра давр зада мебарояд.

Аз ин рӯ, Моҳ ба ҳамон як гиреҳ пас аз фосилаи муайяни вақт (онро моҳи тиннинӣ меноманд, ки ба 27,2122 шаборӯз баробар аст) бармегардад; даврӣ такрор ёфтани гирифтҳои Моҳу Офтоб ба ҳамин фосилаи вақт вобаста мебошад. Моҳ дар гирди меҳвари худ, ки ба ҳамвории эклиптика ба андозаи 88°28′ моил аст, дар фосилаи вақте давр зада мебарояд, ки расо ба моҳи сидерӣ баробар аст. Аз ин ҷиҳат аст, ки Моҳ ба Замин ҳамеша бо як тарафаш нигарон аст. Чунин мувофиқати даври гардиш ва ҳаракати мадори тасодуф нест. Қувваи ҷозибаи Замин ба даврзании Моҳ таъсир мерасонад. Моҳ дар атрофи меҳвари худ мунтазам давр занад ҳам, бо вуҷуди он суръати Моҳ дар нуқтаҳои гуногуни мадори эклиптика (минтақатулбуруҷ) ҳархела аст. Натиҷаи ҳамин аст, ки Моҳ дар назари мушоҳиди заминӣ ҳаракати лаппанда дорад. Тӯли ин навъ ҳаракати Моҳ ба 6°50′, арзи он ба 7°54″ баробар аст. Чунин ҳаракати Моҳро либрация меноманд.

Шакли Моҳ куравӣ буда, радиусаш 1737 км (0,2724 ҳиссаи радиуси экватории Замин) мебошад. Масоҳати сатҳи Моҳ ба 3,8-107 км2 (0,0743 3/о Ҳиссаи масоҳати Замин) ва ҳаҷмаш ба 2,2 -1025 см3 (0,0203 да /49 ҳаҷми Замин) баробар аст. Аз таъсири қувваҳои маддангез сатҳи Моҳ рӯ ба тарафи Замин каме барҷаста шудааст. Массаи Моҳ аз массаи Замин дида 81.3 маротиба хурдтар буда, ба 7,35 1025 г баробар мебошад. Зичии миёнаи Моҳ 3,34 г/см3 (0,61 ҳиссаи зичии миёнаи Замин) аст. Тезшавии қувваи вазнинӣ дар сатҳи Моҳ нисбат ба Замин 6 маротиба хурд, яъне 162.3 см/сои2 аст. Дар Моҳ суръати якуми кайҳонӣ 1680 м/сон ва суръати дуюми кайҳонӣ 2375 м/сон аст. Аз сабаби хурд будани қувваи ҷозиба Моҳ ҳаво ё об (дар ҳолати озод) надорад.

Моҳ, ки худ ҷирми мунир нест, бевосита бо нури Офтоб ё худ нури аз Замин аксгардида равшан мешавад. Тағйирёбии фазаҳои Моҳ аз ҳамин ҷиҳат аст (расм).

Моҳ аз рӯи мадори худ ҳаракат карда, моҳе як маротиба тақрибан аз байни Офтобу Замин мегузарад ва ба Замин тарафи тираи он нигарон мешавад; дар ин вақт моҳ нав мешавад. Пас аз як-ду рӯз дар қисми ғарбии осмон дар шакли доси равшану борик моҳи нав (ҳилол) пайдо мегардад. Пас аз 7 шаборӯз Моҳ аз Офтоб ба андозаи 90° дур меравад; чоряки якум cap мешавад, ки дар ин вақт расо нисфи қурси Моҳ равшан аст ва терминатор (хати ҷудоии тарафҳои равшану тираи Моҳ) рост мебошад.

Пас аз 14—15 шаборӯз Моҳ ба баҳр мерасад. Пас аз он нимаи ғарбии Моҳ хурд шуда, дар шаборӯзи 22-юм чоряки чорум мушоҳида мешавад.

Масофаи кунҷии байни Моҳ ва Офтоб хурд шуда, Моҳ боз ба намуди дос намудор мешавад ва баъди 29,5 шаборӯз шакли ҳилолро мегирад (ниг. Моҳ синода). Тағйири фазаҳои Моҳ боиси пайдоиши як қатор тақвимҳо, аз ҷумла солшумории қамарӣ гардид.

Сатҳи Моҳ нисбатан тираранг буда, альбедои он ба 0,073 баробар аст, яъне Моҳ ба ҳисоби миёна фақат 7,3% нурҳои Офтобро инъикос мекунад. Қадри ситоравии зоҳирии Моҳи пурра ба —12,7 баробар аст; Моҳи баҳр ба Замин аз Офтоб дида 465000 маротиба ҳам рӯшноӣ меафканад. Нишондиҳандаи ранги рӯшноии Моҳ ба -+-12 баробар аст, яъне рӯшноии он аз рӯшноии Офтоб андаке арғувонист. Давомати рӯзу шаби Моҳ ба 15 шаборӯзи заминӣ баробар аст. Азбаски Моҳ атмосфера надорад, ҳарорати сатҳи он рӯзона то +110° С, шабона то —120° С мешавад. Тавассути мушоҳидаҳои телескопие, ки ба онҳо ҳанӯз Г. Галилей (1610) асос гузошт, кӯҳсимо будани сатҳи Моҳ ошкор гардид. Чунонки маълум шуд, доғҳои тирае, ки аввалҳо баҳрҳо пиндошта мешуданд, ҳамвориҳое будаанд, ки нисбат ба дигар минтақаҳо (ба истилоҳ хушкӣ) қадре тиратар метобанд. Аз рӯи мушоҳидаҳои бисьёрсоҳа харитаҳои муфассали Моҳ тартиб дода шуданд.

Астрономи поляк Я. Гевелий (1647) аввалин харитаи Моҳро чоп кунонд. Ӯ истилоҳи «баҳр»-ро тақвият дода, ба кӯҳҳои Моҳ Апеннин, Кавказ, Алӣ ва ғ. ном гузошт. Астрономи италиявӣ Н. Риччоли пастхамиҳои васеи тираро уқёнуси Туфон, Баҳри Буҳрон, Баҳри Ором, Баҳри Борон ва ғ., минтақаҳои хурдтари ба баҳрҳо расамро халиҷҳо (мас., Халиҷи Шабнам) ва доғҳои шаклҳои номунтазамро ботлоқҳо (мас., Ботлоқи Пӯсиш) исм ниҳода, баъзе кӯҳҳоро (асосан кӯҳҳои ҳалқашакл) ба шарафи олимони машҳур Албаттонӣ, Архимед, Коперник, Кеплер, Тихо Браге ва ғ. номид. Ин номҳо дар харитаҳои муосири Моҳ низ боқӣ мондаанд. Дар харитаҳои нави тарафи нонамоёни Моҳ бошад. Номҳои К. Э. Циолковский, С. П. Королёв, Ю. А. Гагарин ва дигар пайдо гардиданд. Дар охири асри 19 мушоҳидаҳои фотографии Моҳ оғоз ёфтанд. Солҳои 1896—1910 астрономҳои франсавӣ М. Леви ва П. Пьюзе аз рӯи суратҳои фотографии расадхонаи Париж атласи палови Моҳро чоп намуданд; баъдтар албоми фотографии Моҳро расадхонаи Лик (ШМА) чоп кунонд, дар миёнаи асри 20 бошад, Ҷ. Койнер (ШМА) якчанд атласи муфассали фотографии Моҳро тартиб дод. Бо ёрии телескопҳои муосир дар Моҳ танураҳои андозаашон тақрибан 0,7 км ва кафидаҳои барашон якчанд садҳо м мушоҳида шудаанд. Рельефи сатҳи Моҳ асосан дар натиҷаи мушоҳидаҳои бисьёрсолаи телескопӣ муайян гардид. «Баҳр»-ҳои Моҳ, ки тақрибан 40% сатҳи намоёни Моҳро ишғол мекунанд, дар асл пастхамиҳои ҳамворӣ пур аз кафидаҳову теппаҳоиморпече мебошанд; дар баҳрҳо тану раҳои калон нисбатан каманд. Аксари баҳрҳо бо қаторкӯҳҳои мудаввари ҳалқашакл иҳота ёфтаанд. Қисми равшантари сатҳи Моҳ бо танӯраҳо, қаторкӯҳҳои ҳалқашакл, ҷӯякҳои бисьёр пӯшида шудааст. Танӯраҳое ки андозаҳояшон аз 15—20 км хӯрданд, косашакл буда, танӯраҳои калонтар (то 200 км) аз ҳавзаҳои чуқуру қаърашон ҳамвор иборатанд. Рельефи минтақаи канории Моҳ, ки вобаста ба фазаи либрация қурси Моҳро маҳдуд мекунад, нисбатан муфассал ва саҳеҳтар омӯхта шудааст. Синни танураҳои Моҳ нисбатан гуногун аст. Дар сатҳи Моҳ аз ташкилаҳои қадимаи базур намоёни ниҳоят тағйирёфта то танӯраҳои ҷавони шаклашон возеҳу равшан мавҷуданд. Дар айни замон танӯраҳои ҷавон бо танӯраҳои нисбатан қадимтар қисман болои ҳам мехобанд.

Дар ташкили шакли рельефи Моҳ ҳам қувваҳои дохилӣ ва ҳам берунӣ иштирок намудаанд. Ҳисобу китоби термин таърихи Моҳ нишон дод, ки баъди ташаккули Моҳ дере нагузашта қисми зиёди қишри он аз ҳарорати радиоактивӣ тафсида, гудохта шудааст ва он боиси вулқонизми пуравҷ гардидааст. Баробарии ба сатҳи Моҳ дар давраҳои аввали пайдоиш ба миқдори зиёд метеорит ва астерондҳо (боқимондаҳои абри протосайёравӣ) афтидаанд, ки дар натиҷаи таркиши онҳо танӯраҳои гуногунандоза ҳосил шудаанд. Аз сабаби дар Моҳ набудани атмосфера ва гидросфера қисми зиёди ин танӯраҳо то ҳол маҳфуз мондаанд. Ҳоло ба сатҳи Моҳ метеоритҳо камтар меафтанд; пайдоиши вулқонҳо ҳам асосан қатъ гардидааст, вулқонҳо элементҳои радиоактивро ба қабатҳои беруна фишондаанд. Дар бораи вулқоннами боқимонда аз танӯраҳои Моҳ хориҷ шудани газҳои карбондор шаҳодат медиҳанд, ки спектрограммаҳои онҳоро бори нахуст астрономи советӣ И. А. Козырев ҳосил кардааст. Ҳоло синни мутлақи баъзе ташкилаҳои Моҳ муайян карда шудаанд. Синни моддаи ҷавонтарин танӯраҳо даҳҳо ва садҳо млн солро ташкил диҳанд, синни калонтарин танӯраҳои давраи «тобаҳрӣ» ба 3—4 млрд сол мерасад. Пайдоиши Моҳ алҳол қатъиян муқаррар карда нашудааст. Дар ин бобат фарзияҳои Ч. Дарвин ва О. Ю. Шмидт сазовори диққатанд. Мувофиқи фарзияи Ч. Дарвин (охири асри 19) Моҳ ва Замин сараввал як массаи гудохташудаеро ташкил мекарданд, ки суръати даврзании он баробари сарду фишурда шудан меафзуд; дар натиҷа гӯё ин масса ба ду қисм — Замин ва Моҳ канда шуда аст. Ин фарзия хурд будани зичии Моҳро, ки аз қабатҳои берунаи моддаи аввала ташкил ёфтааст, шарҳ медиҳад. Бо вуҷуди он механизми чунин процесс баҳсталаб аст. Илова бар ин, байни ҷинсҳои қишри Замин ва ҷисмҳои Моҳ фарқи куллии геохимиявӣ мавҷуданд.

Бино ба фарзияи олими советӣ О. 10. Шмидт ва пайравони ӯ (миёнаи асри 20). Моҳ ва Замин дар як вақт бо роҳи муҷтамеъ ва зич шудани селаи калони зарраҳои майда пайдо шудаанд. Аммо азбаски зичии Моҳ умуман нисбат ба зичии Замин камтар аст, чунин тахмине меравад, ки элементҳои вазнини абри протосайёравӣ якҷоя шуда, аввал Заминро (бо атмосфераи ғанӣ аз ҷинсҳои сабуки силикатӣ) ташкил додаанд; дар натиҷаи сардшавии минбаъда моддаи ин атмосфера якҷоя шуда, аз онҳо Моҳ пайдо шудааст. Аз нуқтаи назари илми муосир (солҳои 70 асри 20) ин фарзия бештар ба ҳақиқат наздик аст.

Давраи нави тадқиқи Моҳ баробари ба Моҳ cap дода шудани стансияҳои автоматии байнисайёравӣ (САБ) cap шуд. Тадқиқоти Моҳ дар СССР бо ёрии САБ-и «Луна» ва «Зонд», дар ШМА аз рӯи программаи «Рейичер», «Лунар Орбптср», «Сервсйер» ва «Апполон» гузаронда шудааст (дар бораи тадқиқоти Моҳ дар СССР муфассалтар дигар мақолаҳои «Луна», «Луноход»). 21 июля 1969 аввал ин бор одам ба сатҳи Моҳ фуромад (астронавтҳои америкоӣ Н. Армстронг ва Э. Олдрин ба воситаи киштии кайҳонии «Лполлон-11»).

Ҳамаи ноҳияҳои Моҳ, ки ба он ҷо аппаратҳои кайҳонӣ фуруд омадаанд, бо қабати ба ном реголит пӯшида шудаанд. Реголит қабати аз хокаю ғурӯшаҳои гуногунандоза иборат аст, ки ғафсиаш аз якчанд мто даҳҳо м мебошад. Ин қабат дар натиҷаи порашавӣ, омезиш ва «пухтани» ҷинсҳои Моҳ ҳангоми ба он афтидани метеорит ва микрометооритҳо пайдо шуданист. Дар баъзе пораҳои реголит зарраҳои моддаи метеорӣ ёфт шудаанд. Дар байни намунаи ҷинсҳое, ки аз Моҳ ба Замин овардаанд, ду намуди ҷинсҳо: ҷинсҳои вулконӣ (лаваҳо) ва ҷинсҳое, ки аз порашавию гудозиши ҷинсҳои Моҳ (ҳангоми ба онҳо афтидани метооритҳо) ҳосил шудаанд (шиша, брекчияҳо) дучор омаданд. Қисми асосии ҷинсҳои вулқонӣ ба базалти заминӣ шабоҳат доранд ва дар онҳо плагиоклазҳо, пироксенҳо, ильменит, оливин, инчунин шпингел, циркон, апатит, мис ва ғ. дучор мешаванд. Дар таркиби хоки Моҳ пораҳои ҷинсҳои дигари ба чинсҳои заминӣ (норитҳо, акортозитҳо ва ғ.) монандро низ дарёфтанд. Ҷинсҳои Моҳ бо як қатор нишонаҳои худ аз ҷинсҳои заминӣ фарқ мекунанд: дар онҳо об ниҳоят кам буда, миқдори калий, натрий ва дигар элементҳои зудбухоршаванда низ каманд, дар баъзе намунаҳо титан ва оҳан ниҳоят бисьёр аст. Синни ин ҷинсҳо, ки аз рӯи таносуби элементҳои радиоактив муайян карда мешаванд, ба 3—4,5 млрд сол баробар мебошанд, ки он ба давраҳои қадимтарини инкишофи Замин мувофиқ меояд.

Дар бораи ба мақсадҳои осоишта истифода бурдани сарватнҳои Моҳ ва дигар чисмҳои кайҳонӣ як зумра шартномҳои  байналхалқӣ ба имзо расондаанд. Чунончи, сессияи 21-уми Ассамблеяи Генералии ТДМ (1967) дар бораи тадқиқ иамудан ва истифода бурдани фазои кайҳон, ҳачунин Моҳ ва дигар ҷисмҳои осмонӣ шартномаҳои байналхалқиро маъқул донист, ки зери он бештар  сад давлатҳои ҷаҳон имзо гузоштаанд. СССР нюни 1971 ба муҳокимаи Асгамблеяи Генералии ТДМ лоиҳаеро дар бораи ба максадҳои осоишта истифода бурдани Моҳ пешниҳод кард.

Соли 1979 Комитети ТДМ лоиҳаи мазкурро хама ҷиҳата муҳокима намуда, барои тасдиқ ба Ассамблеяи навбатӣ пешниҳод намуд. Бинобар лоиҳаи мазкур Моҳ, қатъи назар аз дараҷаи тараққиёти давлатҳо, сарвати умумии ҳамаи халқҳои ҷаҳон аст, ҳеч як давлат ҳақ надорад, ки ба Моҳ яроқи ядрои ё худ дигар яроқи катли ом барорад, дар рӯи он базаҳои ядароӣ, иншооту истеҳкомҳо созад, ё худ навъҳои яроқҳои қатли омро санҷад.

Ад,: Луна, пол ред. А. В. Маркова. М., 1900; Атлас обратной стороны Луны, ч. 1—3, М., I960—75; Физика и астрономия луны, под ред. 3. Копала, М., 1973;

Шевченко В. В., Современная селенография, М., 1980.

И.  Абдуллоев, А. Исоев.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …