Маълумоти охирин

МОҒИЁН

mogiyonМОҒИЁН, дарёест дар pайони Панҷакенти вилояти Ленинобод, шохоби чапи д. Зарафшон. Аз Ҷануб ба Шимол ба масофаи 67 км тӯл кашидааст. Майдони ҳавзааш 1100 км2. Моғиён аз нишебиҳои шимолии қаторкӯҳи Ҳисор cap шуда, қаторкӯҳи Зарафшон ва минтақаи васеи адирҳоро бурида мегузарад. Аз резишгоҳ 22 км болотар ба он аз тарафи рост д. Шинг ҳамроҳ мешавад. Манбаи оби дарьё пиряху барф. Сарфи солонаи об ба ҳисоби миёна 8,35 мэ/сон, зиёдтаринаш 92 мэ/сон. Давраи пуробии Моғиён аз апрел то октябр. Аз дарьё панҷ канали ирригационӣ об мегирад, ки калонтаринаш канали Туксанкорез аст. Деҳаҳои калони водии дарьё: Мошён, Ғeзан, Филмандар, Чорбоғ ва Сучина.

Ю.  Усков.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …