Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / МОГАДИШО

МОГАДИШО

mogadishoМОГАДИШО, Могадишу (Моadicio, Mogadishu), пойтахти Pecпубликаи Демократии Сомалӣ, маркази музофоти Бенадир. Дар соҳили уқёнуси Ором воқеъ аст. Иқлимаш субэкваторӣ. Ҳарорати миёнаи январ 27,5 С, ниль 26,1е С. Боришоти солона 433 мм. Аҳолиаш қариб 600 ҳазор нафар (1980). Могадишо—узели роҳҳои автомобилгард, бандари асосии мамлакат. Аэ­ропорт дорад. Ба воситаи байдар ба хориҷа чорво, маҳсулоти чорво ва байан бароварда, аз он ҷо ашёи хоми саноат ва маҳсулоти нимтайёр мекашонад. Соҳаҳои саноаташ: хӯрокворӣ (корхонаҳои равғанкашӣ, маҳсулоти шир ва истеҳсоли консервҳои гӯштӣ), чарму пойафзол ва чӯбгарӣ. Заводи маҳсулоти ширӣ бо ёрии СССР сохта шуд. Устохонаҳои хурди автомеханикӣ, электромеха­никӣ, фабрикаи бофандагӣ ва матбаа низ дорад. Дар Могадишо Университети миллии Со­мали, коллеҷҳои дини ислом, индустриалӣ, ветеринарӣ, нигаҳдории тандурустӣ, мактаби баҳрнавардӣ ва моҳигирӣ, муассисаҳои илмӣ — умури геологӣ, Институти тадқиқоти моя ва хуноба (вакцина ва сыворотка), Китобхонаи миллӣ, Музеи миллӣ мавҷуданд.

Могадишоро дар асрҳои 9—10 арабҳо бунёд кардаанд. Дар асри 17 дар тасарруфи Уммон ва асри 19 тобеи Занзибар буд. Соли 1905 маркази маъмурии мустамликаи Сомалии Италия гардид. Дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939—45) Могадишоро англисҳо забт кар­да буданд. Солҳои 1950—60 маркази маъмурии терр. васояти Сомалӣ, ки зери ҳукмронии Италия буд: Аз июли I960 пойтахти Республикаи соҳибихтиёри Сомалӣ (аз октябри 1969 Республикаи Демократии Сомалӣ).

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …