Маълумоти охирин
Главная / Илм / МОЕЪИ ИДЕАЛӢ

МОЕЪИ ИДЕАЛӢ

moei-idealiМОЕЪИ ИДЕАЛӢ, моеъи фарзиест, ки бояд ноғализ ва гарминогузарон бошад. Дар Моэъи идеалӣ соиши дохилӣ вуҷуд надорад, яъне байни ду қабати ҳамшафат шиддатҳои тамосӣ мавҷуд нестанд. Чунин фарзия дар бисёр мавридҳои ҷоришавӣ имконпазир аст, ки онро гидроаэромехани­ка меомӯзад. Шарҳи математикии ҷорӣ шудани Моэъи идеалӣ имконият медиҳад, ки ҳалли назариявии як қатор масъалаҳои ҳаракати моеъот ва газҳо дар каналҳои гуногуншакл ёфта шаванд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …