Маълумоти охирин
Главная / Илм / МОДУЛЯЦИЯИ РӮШНОӢ

МОДУЛЯЦИЯИ РӮШНОӢ

modulyatciyai-rushnoiМОДУЛЯЦИЯИ РӮШНОӢ, тағйир додани амплитуда, лаппиш, басомад ё фазаи лаппишҳои мавҷи рӯшноӣ. Модуляцияи рӯшноӣ, одатан, дар натиҷаи тағйир додани дурахшонии манбаи рӯшноӣ ба амал бароварда мешавад. Шуоъҳое, ки аз манбаи рӯшноии дурахшониаш доимӣ мебароянд, ба воситаи ҷиҳози махсус модуляция карда мешаванд (расми 1).

Рӯшноии манбаи дурахшониаш доимиро бо ёрии қурси таркишдор, парра, чархи дандонадор, оина ва призма ҳам модуляция кардан мумкин аст (расми2).

Рӯшноии бо ёрии мембранаҳои лаппандаи оинадор ё монеадор модуляцияшударо дар телефонҳои оптикӣ истифода мебаранд.

Модуляцияи рӯшноиро бо ёрии таҷҳизоте, ки аз по­ляризатор, анализатор ва ячейкая Кёрр таркиб ёфтаанд, инчунин ҳангоми бо ёрии ултрасадо тағйир додани максимуми дифракцияи рӯшноӣ низ ба амал овардан мумкин аст. Афканишоти спектрии атом ё молекулаҳои басомадҳои электрнашон таҳти таъсири майдони электрӣ ё магнитии пурзӯр тағйирдодашуда ҳам манбаи Модуляцияи рӯшноӣ шуда метавонанд. Модуляцияи рӯшноӣ дар фототелеграфия, ҳангоми ба назори магнитӣ сабт кардани овоз, дар тадқиқи рӯшноигузаронӣ, люминестценция ва реакцияҳои фотохимиявӣ, барои муайян кардани суръати сигналҳои рӯшноӣ, қайд кардани баъзе лаҳзаҳои процессҳои тезгузар ва ғ. истифода мешавад.

Ад.: Грабовский Р. И., Курс фи­зики, 5 изд., М., 1980.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …