Маълумоти охирин

МОДЕЛ

modelМОДЕЛ, номи умумии якчанд намуди пиёзи худрӯи калонбарг (А. oltissimum, A. elatum, A. giganteum, A. karatavianse, A. rosenbachianum,

2stipitatum); барги пиёзҳои худрӯи номбурда, ки ҳамчун хӯриш ва дар таом истифода мекунанд. Модел барги калони нештаршакл ё тасмамонанди сабз ё баъзан ашхабӣ (диаметраш 2—10 см) дорад. Моделро ба ҳар гуна таом (моделоба, умоч, утро, шула, мастоба ва ғ.) меандозанд ё бо ҷурғот, чакка, мурчу қаранфул ва монанди инҳо хӯриш тайёр мекунанд. Модел сервитамин (махсусан витамини С) буда, барои организми одам хеле муфид аст.

Ю. С. Юнусов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …