Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МОДДАҲОИ ОРГАНИКИИ ХОК

МОДДАҲОИ ОРГАНИКИИ ХОК

modahoi-organikii-khokМОДДАҲОИ ОРГАНИКИИ ХОК, маҷмӯи пайвастҳои органикии хок. Яке аз фарқҳои асосии хок аз ҷинсҳои кӯҳӣ дар ин аст, ки хок моддаҳои органикӣ дорад. Моддаҳои органикии хок, ки дар ҷараёни вайроншавии ҷисми набототу ҳайвонот ҳосил мегардад, муҳимтарин азнав мубодилаи моддаҳои табиати зинда ва ғайризинда мебошад. Миқдори Моддаҳои органикии хок ва сохти онҳо асосан ба ҷараёни ҳосилшавии хок ва хусусиятҳои биологӣ, физикӣ химиявӣ ва ҳосилхезии хок вобаста аст. Ба Моддаҳои органикии хок як миқдор боқимондаҳои набототу ҳайвонот, ки дараҷаи вайровшавиашон гуногун аст ва ба миқдори зиёд ҳатман моддаҳои гумусӣ (ниг. низ Гумус, Хок) дохил мешаванд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …