Маълумоти охирин
Главная / Илм / МОДДАҲОИ ДАББОҒӢ

МОДДАҲОИ ДАББОҒӢ

moddahoi-dobbogiМОДДАҲОИ ДАББОҒӢ, моддаҳоеро гӯянд, ки ҳангоми даббоғии чарм ва мӯина истифода мешаванд. Моддаҳои Даббоғӣ ду хел мешаванд: минералӣ ва орга­никӣ. Моддаҳои Даббоғии минералӣ пайвастҳои хром, алюминий, цирконий, ти­тан, силиций ва ғ. мебошанд. Аксари ин пайвастҳо намаки асосии кис­лотаи сулфатанд (мас., Cr(OH)SO« ва ғ.); онҳоро барои даббоғӣ дар намуди маҳлулҳои обӣ истифода мебаранд. Даббоғӣ бо пайвастҳои хром даббоғии хромӣ) фаровон истифода мешавад. Моддаҳои Даббоғӣи органикӣ ба Моддаҳои Даббоғии ҳайвонӣ (равғани моҳиҳои баҳрӣ) ва растанигӣ (танқидҳо; намояндаи типии ин гурӯҳ ганнинҳо), сунъӣ ва синтезӣ ҷудо мешаванд. Пайвастҳои калонмолекулаи органи­кӣ, мас., экстрактҳои сулфитцеллюдозӣ, ки компоненти асосии онҳоро кислотаҳои лигносулфонӣ ташкил медиҳанд Моддаҳои Даббоғии сунъӣ мебошанд. Моддаҳои Даббоғии система (синтавҳоpo аз пайвастҳои гуногуни органикӣ (фе­нол ва ҳосилии он, карбогидридҳои ароматӣ, сулфонҳо, формалин, кар­бамид ва ғ.) ҳосил мекунанд. Синтанҳоро чун Моддаҳои Даббоғӣи ёрирасон (мас., чун ивазкунандаи танқидҳо) ё ба мақсадҳои махсус (мас., барои даббоғӣ ва якбора рангкунӣ, сафедкунӣ, равғанкунӣ ва ғ.) истифода мебаранд.

 

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …