Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МОДАРШОҲӢ

МОДАРШОҲӢ

modarshohiМОДАРШОҲӢ, яке аз шаклҳои сохти ҷамъиятии давраи таназзули ҷамоаи авлодӣ ва гузариш ба ҷамъияти синфӣ. Аломатҳои махсуси Модаршоҳӣ: афзалияти мавқеи зан дар ҷамъият, аз тарафи зан ба хешу табор мерос гузоштани молу мулк ва вазифа, ба­рои иқомат ба манзили зан омадани шавҳар ва ғ. Давраи Модаршоҳиро бори аввал муарриху ҳуқуқшиноси швейцарӣ И. Я. Бахофен (1815—87) дар асоси таҳлили асотири қадимии клас­сикӣ муайян намуд. Модаршоҳӣ дар байни баъзе халқҳои Тибет, Мисри Қадим ва дигар давлатҳои қадим бо шаклҳои гуногун зоҳир гардидааст. Дар байни халқи минангкабау (ҷазираи Сумат­ра) ва баъзе халқҳои Микронезия ва ғ. нишонаҳои Модаршоҳӣ боқӣ мондаанд. Модаршоҳӣ бо мурури замон ба падаршоҳӣ иваз шуд. Ниг. низ Авлод, Ҷамоаи ибтидоӣ.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …