Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МОДАРОНИ СЕРФАРЗАНД

МОДАРОНИ СЕРФАРЗАНД

modaroni-serfarzandМОДАРОНИ СЕРФАРЗАНД, модароне, ки 3 нафар ва зиёда аз он фарзанд доранду қонунгузории СССР барои онҳо имтиёзоти муайян муқаррар кардааст. Аз соли 1981 cap карда ба занҳои коркуне, ки 2 нафар ва зиёда аз он фарзанд доранд, то 12-солагиашон ба онҳо: а) отпуски 3-рӯзаи иловагии музднок дода мешавад, ба шарте, ки рӯзҳои отпуск аз 28-рузи календарӣ нагузарад; б) ҳуқуқ барои отпуски иловагии бемузд барои нигоҳубини кӯдак то 2-ҳафта бо розигии маъмурият, дар сурате, ки истеҳсолот ба ин имконият диҳад; в) дар панҷсолаи 11-ум то 14 рӯз зиёд кардани давраи нигоҳубини кӯдаки бемор. Дар ин сурат 50 фоизи музди кор дода мешавад. Бо мақсади тар­бия кардани кӯдакҳои хурдсол ба занҳо имтиёзҳои гуногун пешбинӣ шудааст: а) ба занҳое, ки стажи умумии кориашон на камтар аз як сол ва занҳое, ки аз истеҳсолот ҷудо нашуда таҳсил мекунанд, то 1-сола шудани кӯдакашон қисман музди от­пуски иловагӣ дода мешавад. Мас., барои районҳои Шарқи Дур, Сибирь ва районҳои шимолии мамлакат моҳе 50 сум ва барои дигар районҳо (аз ҷумла, РСС Тоҷикистон) то 1-сола шудани кӯ­дак моҳе 35 сум дода мешавад; б) дар оянда барои тарбияи кӯдак то 1,5 сол ва баъдтар то 2-солагиаш додани от­пуски иловагӣ пешбинӣ карда шуда­аст. Бо мақсади баланд бардоштани таъминоти моддии оилаҳои фарзандор: а) дар панҷсолаи 11-ум ба модарони коркун ва модароне, ки аз истеҳсолот ҷудо нашуда таҳсил меку­нанд, ҳангоми таваллуди кӯдаки якум дар ҳаҷми 50 сум, ҳангоми та­валлуди кӯдаки дуюм ва сеюм ва кӯ­дакони минбаъда 100 сум дода меша­вад; б) аз соли 1981 cap карда зиёд кардани ҳаҷми ёрдампулии давлатӣ ба модарони танҳо пешбинӣ шуда­аст, яъне барои дар як кӯдак то 10- солагӣ (хонандагоне, ки стипендия намегиранд то 18-солагӣ) моҳе 20 сум дода мешавад. Ба Модарони серфарзанд дар вақти нафақадиҳӣ низ имтиёзҳо муқаррар гардидааст. Занҳое, ки 5 ё зиёда аз он кӯдак таваллуд карда, то 8-солагӣ тарбия кардаанду стажи кориашои аз 15 сол кам нест, дар синни 50-солагӣ ба нафақаи кӯдаксолӣ баромадаи ҳуқуқ пайдо мскунанд. Аз соли 1981 ҳангоми таъин кардани нафақаи кӯдаксолӣ стажи кор пурра набошад ҳам, ба модароне, ки 5 ва аз он зиёд кӯдак доранд, кӯдакони аз бачагӣ инвалид таваллудшударо тар­бия кардаанд, имтиёзҳои иловагӣ муқаррар карда шудааст.

Барои Модарони серфарзанд орден ва медалҳои махсус таъсис шудаанд: «Қаҳрамонмодар», «Шарафи модарӣ», «Медали модарӣ». Ба заноне, ки 10 фарзанд таваллуд ва тарбия кардаанд, унвони фахрии «Қаҳрамонмодар» ва гра­мотаи Президиуми Совети Олии СССР дода мешавад. Ниг. низ Медалҳои СССР, Орденҳои СССР.

Ад.: Дарори КМ КПСС ва Совети Вазирони СССР аз 22 январи 1981, 235. «Дар бораи пурзӯр кардани ёрии давлатӣ ба оилаҳои кӯдакдор».

К. Ҳолимов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …