Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МОДАЛИЯТ

МОДАЛИЯТ

modaliyatМОДАЛИЯТ (аз лот. modus — меъёр, тарз, восита),дар забоншиносӣ, категорияест, ки муносибати гӯяндаро нисбат ба мазмуни фикри гуфташуда, муносибати мундариҷаи фикри гуфташударо ба воқеият ифода менамояд. Модалият маъноҳои тасдиқу инкор, фармону хоҳишмандӣ, илтимос, ризоӣ ва ғ-ро ифода мекунад. Модалият барои возеҳии баёнот аҳамияти муҳимеро дорост. Тобишҳои модалӣ тавассути сиғаҳои феълӣ (хабарӣ, амрӣ, эҳтимолӣ, шартӣ-хоҳишмандӣ), калимаҳои туфайлӣ, ки тобиши модалӣ доранд (албатта, ҳатман эҳтимол, маилаш, аз дусар, аз афташ ва ғ.), зада, оҳанги гуфтор, умуман воситаҳои мухталифи грамматикӣ ва лейенкӣ сурат мегиранд. Ҳар як забон тарзи ба худ хоси ифодаи маъноҳои Модалиятро дорад. Мас., дар забони русӣ, англисӣ, немисӣ феълҳои модалӣ ва сиғаи махсус вуҷуд до­ранд. Дар забони яғнобӣ шаклҳои ҳозира-ояндаи феъл тобишҳои модалии фармоиш, эҳтимолӣ, даъват ва ғ-ро доро мебошанд.

Л. Халилов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …