Маълумоти охирин

МОД

modМОД, вилояти таърихӣ, дертар подшоҳӣ дар ноҳияҳои шим. ғарбии кӯҳсори Эрон. Бори аввал дар солномаҳои ошурии нимаи дуюми асри

9.то м. номбар шудааст. Ҳанӯз асрҳои 9—8 то м. дар Мод унсурҳои забони форсӣ ба вуҷуд омада, минбаъд забони мустақил шуд. Эҳтимол асрҳои 9—8 то м. дар Мод давраи гузариш аз демократияи ҳарбӣ ба сохти ибтидоии ғуломдорӣ ҳукмрон буд; Модиҳо дар ин вақт бо Ошур, ки қисми ҳудуди онро забт карда буд, мубориза мебурданд. Аз рӯи маълумоти маъхазҳои ошурӣ подшоҳии Мод солҳои 70 асри 7 то м. пайдо шуда, Экбатан пойтахти он гардид. Дар аҳди Киаксар (солҳои 625/624—584 то м. ҳукм рондааст) Мод ба давлати бузурги Шарқи Қадим табдил ёфт. Модиҳо дар муддати кӯтоҳ Манаро забт карда, ҳамроҳи Бобулистон давлати Ошурро торумор ва дигар ҳудудҳоро ишғол намуданд. Форсҳо соли 5150/549 то 1C Модро забт ва ба давлати Ҳахоманишиён ҳамроҳ намуданд. Давлати мустақили Мод фақат дар чоряки охири асри 4 то м. барқарор гардида, қисман ҳудуди собиқ Модро дар ҷан. Озарбойҷон ишғол мекард. Мод дар таърихи сиёсӣ, иқтисодӣ ва мадании атаиқа ҷои намоён дорад. Дар ҳудуди Мод дину оини зардуштия паҳн шуда буд. Авесто эҳтимол асри 4 то м. дар Мод Хурд ҳамчун маҷмӯи қонунҳо шакл гирифта бошад. Як қисми мимодиҳо бо қабилаҳои маҳаллии Мод Хурд омехта шуда, дар ташаккули озарбойҷониҳо роли намоён бозидаанд.

Ад.: Дьяконов И. М..История Ми- дни от древиейшнж времен до конца IV в. до н.., М.— Л., 1958; Алиев И., История Мидии, Баку, I960.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …