Маълумоти охирин
Главная / Илм / МОБИЛИЗМ

МОБИЛИЗМ

mobilizmМОБИЛИЗМ (аз лот. mobilis —ҳаракаткунанда), фарзияи геотектоникӣ, ки он дар як муддати геологӣ ба масофаҳои хеле калон (то чандин ҳазор км) ҷойивазкунии уфуқии ма­терикҳои қишри Замин (литосфера)-ро нисбат ба якдигар ва ба қутбҳо дар назар дорад. Мобилизм ба фиксизм тамоман зид аст. Ҳанӯз дар асри 19 оид ба ҳаракати материкҳо ҳар гуна ақидаҳо баён карда мешуданд. Ва­ле соли 1912 геофизики немис А. Веге­нер бори нахуст фарзияи аз ҷиҳати илмӣ кор кардашуда — «назарияи сайри материкҳо»-ро пешниҳод намуд. Варианти ҳозираи Мобилизм «тектоникаи нави глобалӣ» (ё «тектоникаи плитаҳо») бештар ба натиҷаҳои омӯхтани рельефи қаъру майдонҳои магнитии уқёнусҳо, инчунин ба маълумотҳои палеомагнетизм асос ёфтааст. Мувофиқи ин тасаввурот ҷойивазкунии сусти (ба ҳисоби миёна соле 1—5 см) плитаҳои яклухт ба амал меояд, ки он натанҳо материкдораҳо, балки ноҳияҳои калону ҳамшафати қишри уқёнусро якҷоя бо қисмҳои болоии мантия дарбар мегирад. Плитаҳо ба ду тараф — аз қаторакуҳҳои байниуқёнусӣ рӯ ба минтақаҳои ҷавони чиндор (қаторакӯҳҳои Анд, Ҳимолой) ва силсилаи ҷазираҳо аз ҳам ҷудо шуда истодааид. Дар ин ҷо қад-қади кафидаҳои уреби серзилзила хеле чуқур (то 700 км) фурӯ нишастани тарафи пеши яке аз ду плитаи дучоршуда рӯй медиҳад, дар қишри материкии плитаи дигар аз таъсири фушурдашавӣ чинҳо ва ругечаҳо, дар паси плитаҳои ҳаракаткунанда (назди қаторкӯҳои байниуқё­нусӣ) бошад, аа кашидашавӣ рифтҳо ба амал меоянд.

Дар асоси монандии сохти геоло­гии қисмҳои парокандашудаи материкҳои эраи палеозой — Гондеана, Лавросиё ва мувофиқати тарҳи нишебиҳои материкии онҳо чандин таҷдиди палеотектоникӣ пешниҳод карда шудааст. Чунин сохти геологиро маълумотҳои палеонклимӣ ва налеомагнитӣ тасдиқ намуда, гувоҳӣ медиҳанд, ки дар охирҳои эраи па­леозой қисмҳои гуногуни Гондвана ба Қутби Ҷанубӣ назар ба ҳозира хеле наздик ва Америкаи Шимолӣ дар қарибиҳои Европа воқеъ гардида буданд. Ҷойивазкуниҳое, ки дар давоми эраҳои мезозой ва кайнозой рӯй додаанд, боиси қариб тамоман барҳам хӯрдани уқёнуси геосинклиналии Тетис ва пайдоиши уқёнусҳои нави Ҳинд ва Атлантик гардиданд.

Ад.: Кропоткин П. Н., Эволюция Земли. М.. 1904.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …